Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун марди Ғотуш бирасид, ошӯб дар лашкаргоҳ дид. Аз баҳри он ки чун рӯз равшан шуд, хизматгорон бар дари хайма омаданд. Ҳодиме ба андарун фиристоданд, ки паҳлавон берун ояд, то бинигарем, ки чӣ мебояд кард.

Ходим дар хайма рафт, Некӯро дид кушта ва ду ходим сар бурида. Фарёд баровард ва ҷома бидарид ва аз хайма берун омаду аҳвол бигуфт, ки хизматгорон дар хайма рафтанд ва он ҳол бидиданд. Хурӯш бароварданд ва ҷомаҳо бидариданду хок бар сар карданд ва ҷазъу фазаъ дарниҳоданд, ки хизматгори Ғотуш бирасид ва он ҳол маълум кард ва аз он кор дилтанг шуд. Хизматгорон пеши Ғотуш бозгаштанд ва аҳвол бигуфтанд. Ғотуш аз ҷой баромад ва гуфт:
— Ин чӣ гуна будааст? На дӯш ҳоҷиби Некӯ он сарҳо биёварду гуфт «Некӯ фиристод ва Кӯҳёрро мехоҳад» ва Кӯҳёрро аз он ҷойгоҳ бибурд?
— Хизматгорони Некӯ гуфтанд:
— Мо аз ин ҳол хабар надорем. Аммо, донем, ки Рӯзафзунро гирифта буд ва аз паҳлавон пинҳон медошт. Бо вай дар хайма буд, магар он кор Рӯзафзун кардааст.

Ғотуш дилтанг шуд. Гуфт:
— Бо ин кор чӣ созем аз дасти ин қавми нодошти авбош. Некӯ ба кирдори худ гирифтор омад, ки мехост, ки Рӯзафзунро ба занӣ кунад. Ӯро нашинохт, ки бародару падари худро бикушт. Некӯро дар дасти вай чӣ маҳал бувад? Лоҷарам чун кори худ пинҳон дошт, сазои хеш дид. Ин аҳвол маълуми шоҳ бояд кардан.

Дари ҷанг дарбастанд. Паҳлавонон, ки ҳозир буданд, ҳар яке тадбире мекарданд, то чӣ гуна созанд, то бар он барниҳоданд, ки нома ба шоҳ фиристанд ва аҳволи ишон маълуми шоҳ гардонанд.

Ғотуш нома фармуд навиштан аз он чӣ рафта буд, ки:
«Шоҳи ҷаҳон бидонад ва огоҳ бошад, ки чун номаи бузургвори шоҳ бар ин банда расид, замин бӯса дод ва ба хизмат бинистӯд ва паҳлавони Куркуб пеш аз он ки пеши шоҳон равад, ӯро пеши Гӯри Кӯҳӣ фиристодам, то ӯро насиҳат кунад. Гӯри Кӯҳӣ он чӣ тавонист аз бадӣ кард ва гуфт: «Ба ҳеҷ гуна дар тоат нағунҷад. Маро Самак азизтар аз дувист шоҳ аст». Пас Куркуб аз пеши Гӯри Кӯҳӣ

пешина
аз 283
навбатӣ