Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Пас аз он ҷониб Ҳақ таоло тақдир кард, ки чун Готуш нома ба Кайкон дод ва пеши Арманшоҳ фиристод, Кайкон рӯй ба роҳ ниҳод то ба Мочин расид. Пеши Арманшоҳ рафт ва хизмат кард ва нома биниҳод. Шоҳ нома баргирифт ва ба дасти Шаҳрони вазир дод, то бархонд ва маълуми шоҳ гардонид. Чун шоҳ ин аҳвол бишунид, фарёд аз ниҳоди ӯ баромад ва рӯй ба паҳлавонон карду гуфт:
— Чӣ тадбир созем бо ин муште авбош?
Ҳар яке сухане мегуфтанд, то шоҳ ба Кайкон гуфт, ки:
— Агар корҳое чунин мекунанд, омадани ишон саҳл аст. Бирав ба лашкаргоҳи ишон ва биингар, то чӣ хабар овардаанд ва моро хабаре биёвар. Бошад ки аз он ҷо коре гузорда шавад.
Кайкон рӯй ба роҳ ниҳод, то ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ. Бар даргоҳ омад ва бинистод.
— Ҳақ таоло тақдир кард, ки дар он ҳол Кӯҳёр омада буд ва Сурхвард пеш аз вай расида буд ва аҳвол бо шоҳ гуфта, ки Ғӯри Кӯҳӣ дар ҳаққи Самак ва ёрони вай чӣ карда буд. Пас чун Кӯҳёр бирасид, Сурхвард бо Хуршедшоҳ гуфт, ки ин бародари Ғӯри Кӯҳист, Хуршедшоҳ ӯро бинавохт ва гиромӣ кард ва ӯро дарҳол хилъати зебо фармуд ва дар пеши худ ҷойгоҳ дод ва аҳвол аз пай мепурсид. Кӯҳёр сифати марди Самак ва айёриро, ки карда буд, шарҳ медод. Кайкон истода буд ва мешунид ва он ҳурмати Кӯҳёр медид, ки Хуршедшоҳ ӯро пеши худ нишонда буд ва бо вай машварат мекард ва суханҳо мегуфт. То шоҳ рӯй ба Ҳомони вазир карду гуфт:
— Чӣ созем, то ишонро аз он дара биёварем?
Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, ӯро хилъате фармой аз баҳри Ғӯри Кӯҳӣ ва лашкаре бояд фиристодан, чунон ки хостаанд ва номаи шукр аз зинҳордошти Самаку ёрон, ки ӯ кардааст ва гуфтан, ки чун дидор бошад, узрҳо хоста ояд. Бошад ки коре барояд ва зуд ба хизмат расид.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Чунон ки бояд, тартиб кун.
Пас Ҳомони вазир нома навишт ва дар нома ёд кард, ки:
Ин нома аз Хуршедшоҳ бини Марзбоншоҳ — подшоҳи вилояти Ҳалаб ва домоди шоҳи Фағфур — подшоҳи вилояти Чин ба Ғӯри Кӯҳӣ — паҳлавони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё