Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон ки сохта буд, бозгуфт ва он ҳурмати Кӯҳёр, бигуфт. Гуфт:

— Эй шоҳ, лашкаре мераванд, ки пасу пеши ишон фурӯ гиранд ва лашкари моро қаҳр кунанд. Ту лашкар соз кун, то ман ишонро ба роҳе бибарам, ки коре барояд.

Арманшоҳро хуш омад. Кас фиристод паҳлавононро ҳозир кард ва аҳвол, ки аз Кайкон шунида буд, бознамуд. Пас гуфт:

— Лашкаре бояд, ки биравад ва ин кор тамом кунад.

Ҳама хизмат карданд. Паҳлавоне буд, номи ӯ Тавраг, бифармуд, ки даҳ пил бо худ бибарад ва дигар яке буд, меҳтари наффотон, номи ӯ Равза, бигуфт, то сад марди наффот бираванд. Марде буд тирандоз, номи ӯ Савсан, ҳар се гуфт, ки бо даҳ ҳазор савор бираванд. Дарсоат равона гаштанд ва Кайкон пешрави лашкар буд. Он лашкарро биёвард ва дар дара пинҳон кард ва дидабон баргумошт.

Ишон дар камингоҳ, аз он ҷониб лашкари Ҳуршедшоҳ рӯй ба роҳ ниҳоданд ва Кӯҳёр пешрави лашкари ишон, бо моле фаровон ба дара расиданд. Ҷойгоҳе танг ва ишон ғофил. Дидабон аз болои кӯҳ лашкарро бидид, табл фурӯ кӯфт. Ҳурмуз гуфт бо дигарон:

— Ин табли хабар нест, ки овози табл сахт меояд.

Дар ин сухан буданд, ки аз болову пушт пафарозу чапу рост тиру санг ва оташу нафт бар ишон кушоданд. Ишон ба ҳам баромаданд. Шаб торику дӯсту душман бар якдигар нопайдо. Дасте теғ бар ҳам кушоданд, то чандон ба марг омаданд, ки роҳҳо баста шуд па дар он ҷанг паҳлавони Қатрон кушта шуд ва Ҳурмузи Келу Самуру Сурхвард гирифтор омаданд. Кӯҳёр чун дид, ки ишон гирифтор омаданд, пиёда гашт ва рӯй ба кӯҳ ниҳод, ба роҳе, ки вақте дида буд, рӯй ба дараи Гӯр ниҳод.

Пас чун рӯз равшан шуд, аз лашкари Ҳуршедшоҳ бар миқдори бист ҳазор савор кушта шуданд, ки шаб торик буд ва ҳама якдигарро мекуштанд. Бародар бародарро мекушту падар фарзандро мекушт ва фарзанд падарро мекушт. Ва боқии лашкар, ки монда буданд, ҷумла ҳаставу маҷрӯҳ рӯй ба ҳазимат ниҳоданд. Ва лашкари Арманшоҳ он мол ғанимат баргирифтанд, бо он се тан, ки асир баргирифта буданд, пеши Ғотуш омаданд. Ғотуш аз он кор хуррам шуд ва нишот карданд. Бифармуд, то

пешина
аз 283
навбатӣ