Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй Оташак, дар майдон марав, ки марди ӯ нестӣ. Майдондорӣ натавонӣ кардан.
Оташак гуфт:
— Эй озодмард, чанд худро ситоӣ ва бар мардон зиёдатӣ ҷӯй? Дар олам худ марди майдон аз модар ту зодӣ? Ҳар кас дар пояи худ чизе доранд. Агар марди ӯ набошам, кушта гардам, ки то ҷаҳон будааст, канда рафтааст, ки марде сад мардро бияфканад, яке биёяду ӯро бияфканад. Даст болои даст бошад. Мард аз мард зиёдат бисёр аст. Ту туиву ман манам.
Рӯзафзун дам даркашид. Оташак дар майдон омад пеши Амирак ва бонг бар вай заду найза бар найзан якдигар афканданд. Оташак чӣ марди Амирак буд? Ногоҳ Амирак найза зад бар пон Оташак чунон ки аз ҷониби дигар берун шуд. Оташак бинолид, рӯй ба ҳазимат ниҳод. Рӯзафзун гуфт: «Узре бозхоҳам».—
Гуфт:
— Эй Оташак, на аз баҳри он гуфтам, ки дар майдон марав, ки дар ту аҷзе дидам. Андеша аз чунин коре мекардам, агар на, донам ки ҳар касе дар кори худ мардонанд ва ҳар кас чизе донанд. Ман донистам, ки ту марди ӯ нестӣ.
Ин бигуфт ва асп дар майдон афканд ва тардиду нопард кард. Баробари Амирак омад ва бонг бар вай зад ва найза бар найзаи Амирак афканд. Бисёр ба найза бо ҳам бикӯшиданд, то найзаҳо дар дасти ишон бишикаст. Касе музаффар нашуд ва найзаҳои шикаста аз даст бияндохтанд ва даст бизаданду теғҳо аз ниём ҷудо карданд ва даракҳо дар сар оварданд ва теғ дар сару фарқи якдигар ниҳоданд. Чандон ҷанг карданд, ки лашкар аҷноб бимонданд. Ғури Кӯҳи ба Рӯзафзун офарин мекард ва бар ҷони ӯ битарсид. Бифармуд, то табли осонӣ бизаданд.
Ҳар ду лашкар бозгаштанд. Амирак Рӯзафзунро гуфт:
— Шод бош, эй духтари Конун, ки доди марди бидодӣ.
Рӯзафзун гуфт:
— Бирав, ки ҷон бурдӣ, ки табли осонӣ заданд ва агар на, бо ту бозиҳо бикардаме.
Ин бигуфт ва бозгаштанд.
Амирак ба лашкаргоҳи Ғотуш омад. Аз нишоту хуррамӣ, ки дид, аҷаб бимонд. Пеши Ғотуш омад ва хидмат кард ва аҳвол пурсид, ки:
— Ин нишоту хуррамӣ аз чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё