Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
баромад. Гуфт: «Эй дарего! Надонам, ки аҳволи ишон чун бувад. Сурхварди оҷиз як ҳафта аз банд растагорӣ намеёбад. Тарсам, ки ин навбат ба ҳалок ояд, ки аз вай кина дар дил доранд» — Аз ҳар гуна андешаҳо мекард.
Мебуд, то шаб даромад ва ҷаҳон торик шуд. Бархосту пеши Кӯҳҳёр омад ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ҳеҷ тавонӣ, ки маро далел 1 бошӣ, то биравему он бандиёнро аз банд берун оварем?
Кӯҳҳёр гуфт:
— Эй паҳлавон, чӣ гуна биравем?
Самак гуфт, ки:
— Дар он нимароҳ, ки ту омадӣ, маро бибар, то дар паси пушти вай афтем. Бошад ки яздон маро далели ба хайр бошад.
Кӯҳҳёр гуфт:
— Фармонбардорам.
Пас ҳар ду рӯй ба роҳ ниҳоданд ва бад-он роҳи кӯҳ мерафтанд, ки Кӯҳҳёр донист. Чун бар сари роҳ расиданд, ки аз дасти рости ишон дара буд, овози қавме ба гуши ишон расид. Самак бо Кӯҳҳёр гуфт:
— Моро бар он дара бояд рафтан, то бингарем, ки кистанд, ки аз беруни дара меоянд. Бошад ки моро аз ишон рӯшноне падид ояд.
Пас ҳар ду рӯй бар он ҷониб ниҳоданд. Ҳақ таоло тақдир кард, ки чоштгоҳ бар он мақом расиданд. Сад дарозгӯш диданду бист мард бар сари ишон фуруд омада ва борҳо афканда. Самак бо Кӯҳҳёр пеши ишон омаданд ва салом карданд [ва гуфтанд], ки:
— Ин борҳо аз они кист, аз куҷо меоранд ва борсолор кист?
Гуфтанд:
— Ин борҳо аз они Ғотуш аст ва борсолор он мард аст, ки номи вай Сафур аст.
Самаку Кӯҳҳёр пеши он мард омаданд ва салом карданд. Сафур ишонро ҷавоб дод ва бинавохт, то Самаки айёр гуфт:
— Эй хоҷа, аз чӣ сабаб дер омадӣ, ки Ғотуш тундӣ мекунад. Ин борҳо чист, ки овардӣ?
Сафур гуфт:
— Эй озодмард, асал асту равған ва ҳавечу шароб.
Самак ӯро гуфт:
1 Далел — роҳнамо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё