Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ғотуш гуфт:
— Бандиёнро бинигаред.
Биёмаданд ва мувакилопро диданд, сар бурида ва се тани бе сар ба ҷои бандиён афканда. Ғотушро бозгуфтанд. Барошуфт ва бар хештан биларзид.
Гуфт:
— Бинигаред, ки паҳлавонон ҳастанд ё не.
Фаррошу таштдорони Тапрагу Савсану Равза биёмаданд ва ишонро бидиданду бишинохтанд ва фарёд бароварданд, ки «ишонанд».
Ғотушро аз он огоҳ карданд. Фурӯ монд ва ғамноку дилтанг шуд. Гуфт:
— Коре чунин ба як шаб чӣ гуна баромад? Куҷо рафта бошад? Талаб кунед.
Саворому пиёдагон аз ҳар ҷониб рӯй ба роҳ ниҳоданд, ба талаби ишон.
Ғотуш бо худ гуфт: «Чӣ тадбир созам, ки гуфтам фатҳе чунин баромад ва чанд кас ба дом овардем ва кор моро вошгуна 1 афтод. Акнун аз мо куштаанд. Мо ин сухан куҷо битавонем гуфтан?».
Дар андеша буданд. Кайкони ҷосусро пеш хонд ва гуфт:
— Ба дараи Гӯри Кӯҳӣ битавонӣ рафтан,ӣй бубинӣ, ки бандиёнро он ҷо даръёбӣ, ё ба лашкаргоҳ рафта ва аҳвол боздонӣ, ки ин кор чӣ гуна будааст, ва бидонӣ, ки чӣ миқдор лашкар дар дараанд ва ... захираи чанд аст ва зуд бозгардӣ?
Кайкон гуфт:
— Фармонбардорам, аммо роҳ душвор аст. Аммо ба иқболи ту биравам.
Ин бигуфту рӯй ба роҳ ниҳод ва бирафт.
Аз он ҷониб Амирак интизор кард, то кас бозойд, ки овози кӯс ба гӯши Гӯри Кӯҳӣ бирасид. Чошпгоҳ буд.
Гуфт:
— Чӣ вақти ҷанг аст? Магар ин қавм аз кори паҳлавонон хабар надоранд? Ишонро таъҷият мебояд дошт. Ба ҷанг меоянд. Чун лашкар ба майдон расида бошад, шаб даромада бошад.
Паҳлавонон гуфтанд:
— Мо низ биравем ва соате масоф кунему бозгардем.
Ин бигуфтанду рӯй ба масофҷой ниҳоданд Лашкари
1 Вошгуна — ройгуп, ҷанге бормена

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё