Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Амирак саф баркашида буданд. Ишон низ саф рост карданд. Бар қавли дирӯз Амирак асп дар майдон ҷаҳонид, бар он сухан ки Рӯзафзун ӯро гуфта буд, ки «ҷон бибурди». Замоне тариду новард кард ва наъра заду мард хост. Гуфт:
— Куҷо шуд он, ки дирӯз маро таъна зад? Бигӯ, хасми ту омадааст ва ҷон, ки бурда будам, бозовардам.
Аз лашкари Ғӯри Кӯҳӣ аз ёрони Самак Ниёл бинни Санҷонӣ асп дар майдон ҷаҳонид ва баробари Амирак омаду бонг бар вай зад. Амирак чун ӯро бидид, гуфт:
— Эй озодмард, ҳамнабарди ман куҷо шуд? Ӯ маро таъна зада буд, ки ҷон бурдӣ. Агарчи духтаре буд, паҳлавоне буд.
Ниёл бинни Санҷонӣ гуфт:
— Магар ба коре рафта бошад. Ба масоф наёмадааст. Ман бародари ваям. Туро роҳ бар ҷанг кардан аст. Ту маро бияфкан, ки ӯ худ ба талаби хуни ман ояд. Баҳона набояд гирифтан ки бо филон ҷанг мекунам ва бо он дигар намекунам. Биёвар, то аз мардӣ чӣ дорӣ.
Ин бигуфт ва пайза бар найзаи якдигар афканданд ва чандон бо ҳам бикӯшиданд, ки малӯл шуданд. Теғҳо аз ҷуфт берун оварданду сипарҳо дар рӯй оварданд ва теғ бар сару фарқи якдигар доштанд, то бозуҳои ишон аз кор фурӯ монд. Зафар наёфтанд. Шаб даромад. Табли осоиш бизаданд. Ҳар ду лашкар бозгаштанд.
Чун Ғӯр боз ҷои хеш омад, Самак Рӯзафзунро талаб кард, надид. Бо худ гуфт: «Ба дарбанди оҳанин рафта бошанд». Рӯй ба роҳ ниҳоду аз дунболан ӯ бирафт.
Аҳволи рафтани Рӯзафзун чунон буд, ки ду лашкар рӯй дар рӯй оварда буданд ва ӯро ҳаваси дарбанд буд ва ба ҷанг дар нашуд. Гуфт: «Калид дорам, биравам ва он ҳол боздонам». Пас рӯй ба роҳ ниҳод ва рафта буд. Чун Рӯзафзун пеши дарбанди оҳанин омад, калид дар қуфл афканд, то бикушояд. Чун қуфл биҷунбонид, наърае шунид. Чунон ки зӯр аз дасту пои Рӯзафзун бишуд. Биларзид ва ду дасти вай аз кор фурӯ монд. Аз паси пушт нигоҳ кард, сиёҳе дид, ки меомад бар мисоли манорае, ҳамчун қадар, сахт азиму боҳайбат. Аз ин зиште девшакле, ифритсурате, ғӯлҳайкале. Наъразанон ва уштулумкунон рӯй бар Рӯзафзун ниҳод. Гуфт:
— Эй фурӯмояи нобакор, чӣ заҳра дорӣ, ки дар амо нати подшоҳ тасарруф кунӣ?
Даромаду даст бизад ва ӯро аз ҷой баргирифту гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё