Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дид ояд. Ва дигар, чун Сиёҳ туро якушт, ӯро куштан ноҷавонмарди бошад.
Гуфт:
— Эй Самак, сиёҳ мегӯяд, ки хоҷа маро гуфтааст, ки:
«ғарибонро макуш». Донист, ки ман аз ин дара нестам, ва агар на, маро хост куштан.
Самак гуфт:
— Эй хоҳар, ин ниҳони аз они Гӯри Кӯҳист. Мардуми дара заҳра надоранд, ки ба ин ҷойгоҳ оянд. Сиёҳ туро дид, донист, ки на аз ин дарай, накушт.
Гуфт:
— Қалид баргир, то биравем.
Гуфт:
— Қалид сиёҳ дорад.
Самак калид аз зери сари сиёҳ берун овард.
Гуфт:
— Чун калид мо дорем, дарбанд кушоем ҳаргоҳ ки хоҳем. Акнун вақт дергоҳ аст. Набояд, ки Гӯр моро талаб кунад ва ин роз пайдо гардад.
Ин бигуфт ва ҳар ду рӯй ба роҳ ниҳоданд.
Чун порае роҳ биёмаданд, бахобахи хоби яке ба гӯши ишон омад. Самакро аҷаб омад. Гуфт:
— Магар касе аз ёрони мо омадаанд.
Пеш рафтанд. Якеро диданд, дар паси санге хуфта.
Ӯро бигирифтанд ва нигоҳ карданд, бегона буд. Самак даст бурду корд баровард ва гуфт:
— Рост бигӯй то ту кисти? Ва бад-ин мавзеъ ба чӣ кор омади? Ва агар на, туро ҳалок кунам.
Он мард чун ҳол чунон дид, битарсид. Гуфт:
— Эй озодмардон, ман Қайкони ҷосусам.
Ва ин ҳол чунон буд, ки чун Қайкон аз назди Ғотуш бирафт ба роҳи кӯҳ, бар ин мақом фуруд омад ва ғуридани сиёҳ шуниду нолаи Рӯзафзун. Гуфт: «Соате бошам то ин қавм бираванд. Набояд, ки маро бигиранд». Дар паси санге нишаст, ки султони хоб камин бар вай кушоду бар ҷони Қайкон тохтан овард. Ӯро аз ҷаҳон бехабар кард, то Самак бад-ӯ расиду ӯро бигирифт.
Самак чун номи вай бидонист, гуфт:
— Ба чӣ кор омади?
Гуфт:
— Ғотуш маро фиристодааст аз баҳри он, ки се банди бо мо буданд, дӯш ҳар серо бибурданду се паҳлавон бо қавме дигар куштаанд. Омадам, то бинигарам, ки

пешина
аз 283
навбатӣ