Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бандиён ба ин ҷойгоҳ оварданд ё не. Ё ба лашкаргоҳи Фағфур бурдаанд. Ва дигар, омадам, то бинигарам, ки сипоҳи шумо чанд аст ва шуморо улуфа чун аст.

Самак чун бишунид, поҳанг дар гардани вай карду ӯро биёвард, то ба мақоми хеш рафт. Чун бирасиданд, вақти субҳ буд. Оташаку дигарон гуфтанд:
— Эй паҳлавон, Ғӯр туро мехоҳад.

Самак гуфт:
— Ҳама бархезед, то биравем.

Ҳама бархостанду бо Самак бирафтанд. Чун Ғӯрро бидиданд, хизмат карданд. Ғӯр эшонро қиём намуд. Якеро дид, поҳанг дар гардан карда. Гуфт:
— Ин кист, ки ту овардаӣ?

Гуфт:
— Эй паҳлавон, Кайкони ҷосус аст, ки аз сари дара ӯро гирифтаам. Надонам, ки чӣ гуна бар мо гузаштааст ва моро хабар набуд.

Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, магар ба роҳи кӯҳ омад, ки мо ӯро надидем ва аз ӯ боз бояд пурсид.

Самак гуфт:
— Ӯро дар миёни дара гирифтам.

Ва ин Кайкон маъруф буд. Ғӯр ӯро пеши худ хонд. Кайкон хизмат кард.

Ғӯр гуфт:
— Эй Кайкон, ба чӣ кор бад-ин дара омадӣ?

Кайкон забон баркушод. Чунон ки бо Самак гуфта буд, такрор кард.

Ғӯр гуфт:
— Ӯро барбандед, то ман бо вай пардозам.

Самаки Аёр гуфт:
— Эй паҳлавон, на подшоҳе ва на амирест, ки ӯро дар банд дорем. Оҷизест. Аз мардони чунин ҳеҷ кор барнаояд. Раҳо кун, то биравад. На хамиру на фатир, аз лаҳир марди чунин ҳеҷ кор барнаояд.

Самак он чӣ пӯшида буд, боз кард ва дар Кайкон пӯшонид. Гуфт:
— Эй Кайкон, дараву паҳлавон ва лашкару лаҳир дидӣ. Акнун пеши Готуш рав ва бигӯй, ки Самак мегӯяд, ки моро дувоздаҳ ҳазор марди муборизи паҳлавони насофшикан аст ва захира бисёр дорем. Ва ман, ки Самакам, ду бор ба дараи ту омадам. Як бор Сурхаварду Кушӯрро аз банд берун овардам ва ғайра, ва Шохро

пешина
аз 283
навбатӣ