Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

овардам — Самак худ хабар надошт, ки Шоҳон аз дасти Рӯзафзун биҷастааст — ва бо Ғотуш бигӯй, ки имшаб худро нигоҳ дор, ки меоям, ки сари ту биёварам чунон, ки сари Таврагу Равзаву Савсан овардам. Ва бандиёнро аз банд берун овардам, ишонро бинигар. Ҳурмузи Келу Самуру Сурхвард ҳар се дар хидмати Ғӯр нишаста. Агар мардӣ, ҳамчунин бо Ғотуш бигӯй.

Кайкон гуфт:
— Фармонбардорам.

Пас гуфт:
— Эй паҳлавон, маро нишона деҳ, то аз сари дара берун равам ва касе ранҷе ба ман нанамояд.

Ғӯр бифармуд, то ӯро тире доданд. Кайкон тир ба даст гирифту рӯй ба роҳ ниҳод. Лашкари Ғӯр чун тир медиданд, хидмат мекарданд, то аз дара берун омад.

Чун пеши Ғотуш расид, хидмат кард ва забон баркушоду он чи, то аз пеши вай рафта буд, воқеъ шуда буд, ҳама шарҳ дод ва пайғом фиристодани Самак ба Ғотуш. Ғотуш чун бишунид, барошуфт ва ғамнок шуд. Гуфт:

— Маро тоқат набушод бо ишон кӯшидан. Аҷаб қавме шӯҳанд ва нопоку ҷалд. Моро нома ба Арманшоҳ бояд навиштан, то агар мехоҳад, биёяд ва ҷавоби ишон бигӯяд, ки ман бо муште авбош барнамеоям. Чунон ки мегӯяд, ду навбат ӯ ба болини ман омад. Агар маро бикуштӣ, чӣ кардаме? Ва дигар гуфт, ки: «имшаб хоҳам омадан». Касе ӯро нигоҳ натавонад дошт ва ба ҳарза хештан барбод натавон додан.

Дарҳол нома навишт ба Арманшоҳ. Дар аввали нома номи яздон ёд кард. Пас гуфт:

«Ин нома аз мани бандаву хидматгори шоҳи ҷаҳон, фармондеҳи машриқу мағриб — Арманшоҳ. Бидонад ва огоҳ бошад, ки лашкар биёмаданд ва роҳ бар лашкари Фағфур бигирифтанд ва ҳалқа бисёр бикуштанд ва Ҳурмузи Келу Самур ва Сурх-вардро бигирифтанд. Ва ба оқибат раҳо накарданд, ки ду шаб бар ин бигзарид, ки Самак биёмаду ишонро бибурд ва бо он басанда накард, ки Таврагу Равзаву Савсанро сар бибурид ва панҷоҳ марди муваккал бикушт. Дар ҷаҳон кӣ бовар кунад ки марде ба як шаб чунин корҳо кунад? Ва ин ҳаракат Самаки нодошт кард. Акнун мо тоқати ишон надорем, ки мардуми кӯҳием ва ҳилату макр ва дастону шабравӣ намедонем ва чораи он натавонем кардаи.

пешина
аз 283
навбатӣ