Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Донам, ки ҷойгоҳи эшон муҳуш гашта бошад.
Лезми ин ҷониб кунанд ва дар маргзори Гурҷӣ, ки бар сари дара аст ва ҷойгоҳи фарох аст ва обу алафи тамом. Чун сипоҳи шоҳ бад-ин ҷониб оянд, агар Фангфуру Хуршедшоҳ бо эшон ҷанг мекунанд на низ бар сари дара бошад, сахтену ҳайбате бошад ва мо ҳисори дараи Гӯр медиҳем, ки ба ҷанг бо эшон барнамеоем; ва маълум шудааст, ки дар дараи Гӯр беш аз се моҳа улуфа нест, ки аз беалафи эшонро қаҳр тавонем кардан. Маълуми шоҳ гардонидем. Агар бад-ин ҷониб меоянд, ки бад-ин намат корҳо кунем ва агар на, ба хизмат хоҳем омадан ва Дувоздаҳдара раҳо кардан ва хизматгорони Тапрагу Равзаву Савсан пеши бандаанд. Вассалом».
Номаро мӯҳр барихидоу ба Кайкон дод ва гуфт:
— Ин номаро зуд бибар ва он чӣ донистанӣ дидӣ, бигӯй.

Кайкон бирафт ва нома ба дасти Шаҳрони вазир дод, то боз кард ва бархонду маълуми шоҳ гардонид. Арманшоҳ фурӯ монд ва даҳанбаста шуд. Аз қаҳр сухан наметавонист гуфтан; то рӯй ба Шаҳрон кард ва гуфт:
— Эй Шаҳрон, чӣ гуна мебинӣ кори эшон?
Шаҳрони вазир хост, ки сухан гӯяд, ки яке аз дари боргаҳ даромаду номае пеши шоҳ биниҳод. Гуфт:
— Боре нома пароп-парои меояд. Ин аз куҷост?
Гуфт:
— Эй шоҳ, нома бархон, то туро маълум гардад.
Шоҳ нома баргирифт ва ба дасти Шаҳрони вазир дод.
Шаҳрон нома боз карду бархонд. Ва чунин навишта буд, ки:

«Ин нома аз ман, ки Моҳонаам, камтарини бандагону хизматгорони шоҳ ва духтари шоҳ. Падари
бузургвор бидонад ва огоҳ бошад, ки аз подшоҳӣ
кардан бар ту товон аст, аз баҳри он, ки ҳеҷ нагӯй,
ки туро духтаре бошад ё зане, ки ҳамон ному нанги мардон аз занон асту духтарон. Ва туро ҳеҷ ақл
нест дар подшоҳӣ кардан, ки шамшер аз баҳри зану фарзанд зананд. Туро духтаре бошад ва зане
ва марде авбош биёяду эшонро бибарад ва ту талабкори эшон набошӣ, ки зиндаанд ё мурда. Магар
Моҳсутун зани ту набуд ва ё ман аз пушти ту нестаму даромадаам, ки моро талабкор нестӣ ва бад-он
хуррам гаштаӣ, ки туро подшоҳ донанд? Ва дар баробари

пешина
аз 283
навбатӣ