Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба рӯи ту лашкари бисёр омадаанду масоф мекунӣ. Надонам, ки ин ҷанги шумо аз барои чист? То ба акнун аз баҳри Маҳпарӣ буд. Акнун аз баҳри кист?

Бародарам, он бевафои беҳаққи беҳурмат, беғайрати беному нанги ноҷавонмард, ки номи мардиву паҳлавонӣ бар худ ниҳодааст ва камари ҷанг бар миён бастааст, ки «ман духтари яке ба даст меоварам, ки дар канор гирам», нафрин бар чунон бародар бод! Ҳам ин роз ошкор шавад миёни подшоҳону ҷавонмардон, ки аз миёни ишон, ки сухан тавонад гуфтан! Гӯяд: «маро хоҳере буду модаре.
Ба дасти кофаре додам, то модарро бикушаду хоҳарро расво кунад». Шод бош эй мардон! Ва аҳсант эй подшоҳон! Хуррам тани шумо, ки ин ному нанг доред ва ҳамияти тамоми доред! Маро Сурхи Кофар ба дараи Хурҷон овардааст бо модар ва Дурдонаву Дилороми шаробдор. Надонам, ки ишонро аз куҷо овард. Модарамро бо ҳар се кушт. Маро дар банд медорад. Маълуми шоҳ кардам, то агар шуморо ҳаминият ҳаст, талабкори ман бошед ва маро аз дасти ин Кофар берун оваред; ва агар на, шумову яздон донед. Вассалом».

Чун Арманшоҳу Қизилмалик ин аҳвол маълум карданд, бар худ биларзиданду тароқотарок дар аъзои ишон афтод. Паҳлавононро ранг аз рухсор бирафт. Шаҳрони вазирро зӯр аз дасту пой бирафт. Ҳама дар кор фурӯ монданд, то шоҳ гуфт:

— Эй вазир, тадбири ин кор чист? Дидӣ, ки чӣ карданд?

Аз баҳри зан гирён шуд. Қизилмалик аз баҳри хоҳар фарёд баровард. Паҳлавонони дараи Хурҷон ҳозир буданд чун Сиёҳабру Алян ва Альёр ва Сиёҳсор ва Карьён ва Салмун ва Морам ва Раҳон — ҷумла ҳозир буданд.
Чун бишуниданд, ғамнок шуданд. Арманшоҳ рӯй бар ишон овард.

Гуфт:
— Мебинед, ки чӣ бар мо меояд?

Сиёҳабр, ки пешрави лашкар буд, гуфт:
— Эй шоҳ, мо пиндорем, ки ишон дар банди Хуршедшоҳанд. Агар чунон аст, ки ба дараи Хурҷон аст, кас фиристем, то Сурхи Кофарро даст пеши шоҳ оварад.

Арманшоҳ гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ