Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
данд. Шаҳрони вазир сандӯқчаи тирдон бикушод ва мург бе пару бол ва сару пой берун овард ва ба теғаи қаҳр сари он мург хизронсифат бибурид, пас ӯро парвоз дод, то ғӯта хӯрд ва ба ҳӯққаи анбароғин фурӯ шуд ва мушк аз минқор бар саҳифаи баёзи ҳарир боридан гирифт ва рози дили Арманшоҳ пайдо кард. Ва он чӣ мург буд, ки бе забон сухан гуфту бе гуфтор аҳвол намуд ва бе бол парвоз карду бе пой рафт ва бе дида бинамуд, бо сурати заифу тани наҳиф ва қадди ҳақиру чашми зарир; ки бо шерон панҷа афканд ва бо шоҳон масоф кунад ва бо паҳлавонон кина варзад ва ҳаргиз аз ҳеҷ кас натарсад ва аз пеши кас ба ҳазимат наравад? Мурғ ба ин сифат чунон, ки шоир гӯяд:
Чаро бошам озору хастаҷигар,
Чу гаштам тавонгар бар ин шоҳи зар?
Ки чун баргирифтам-ш борад ҳаме
Зи минқор бар кор дурру гуҳар.
Тани беқарораш аз андеша хушк,
Забони фасеҳаш ба гуфтор тар.
Чу кар аст, чун ёфт маъниву лафз?
Чу кӯр аст, чу дид роҳу гузар?
Ҷуз ӯ, эй аҷаб, халқ диду шунид,
Ҷаҳонбин кӯру суханёб кар?
Бар чунин қалам Шаҳрони вазир анмила 1 бикушод ва аввали нома ёд кард, ки: «Бисмиллоҳ-ил-малик-уд-диён».
Пас санову офарини бисьёр бар шоҳи Фағфур ва аз Арманшоҳ бар Хуршедшоҳ. Гуфт: «Ин нома аз ман, ки Арманшоҳам, ба назди ту, ки Фағфурӣ.
Мо пиндоштем, ки ту подшоҳиву ҳар чи кунӣ ва
фармой, чунон бошад, ки подшоҳон кунанду оқилон
биписанданд. Ин мо надонистем, ки дар подшоҳӣ
бетадбирӣ, ки моро духтаре бошаду зане дар паси
парда ва муште дуздону авбош бифиристӣ, то бо
Дурдонаву Дилороми шаробдор бибаранд. Баъд
аз он чун мо огоҳ шавем, кас фиристем бо моли фаровон, то ишонро боздиҳанд, ва тақсир кунанд. Бо
ин ҳама дил бар он ниҳем, ки чун дар сарои ишон
аст, ҳамчунон аст, ки дар сарои мост. Пас марде
дузди хунхори қаттол чун Сурхи Кофар бигуморанд, то ишонро бибарад, то аз феъли баду кирдори ноҳамвор ишонро ба биёбони Хурҷон барад ва
модару дигаронро бикушад, духтарро дар банд до-
1 Анмила — ангушт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё