Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рад. Инчунин кор дар ақли шумо раво бошад? Тадбир чист? То чораи он бисозем, чунон ки барояд.
Ва дигар он ки нишемангоҳи ин ҷойгоҳ гандаву коҳуш аст. Мо ба маргзори Гӯрон хоҳем рафтан, ки панҷоҳ фарсанг биёбон аст ва обу алуфа бисёр ва тару сабз ва хуш аст. То нагӯянд, ки мо гурехтем.
Агар пайкори мо хоҳед, аз ақиби мо биёед. Маълум гардонидем. Вассалом».
Нома бар Арманшоҳу паҳлавонон хонданд. Ҳама буписандиданд. Номаро мӯҳр баринҳод. Гуфт:
— Яке бояд, ки ин нома бибарад ва ҷавоби нома боз оварад.
Сиёҳабр хизмат карду гуфт:
— Эй шоҳ, нома ман бибарам ва ҷавоб бозоварам.
Нома бардошт ва рӯй ба лашкаргоҳ ниҳод бо панҷоҳ савор. Чун ба талаии Хуршедшоҳ расид, Сурхи Маргази таладор буд. Бонг бар эшон зад, гуфт:
— Кистед?
Гуфтанд:
— Расулем аз Арманшоҳ.
Гуфт:
— Чойгоҳ нигоҳ доред, то биравам ва шоҳро хабар диҳам.
Эшонро бар ҷойгоҳ бидошт ва ба боргоҳ омад ва хизмат карду гуфт:
— Расуле омадааст. Иҷозат бошад, ки ӯро дароварам?
Хуршедшоҳ гуфт:
— Ӯро даровар.
Фатфур бифармуд, то боргоҳ биёростанд, чунон ки расми мулук бошад. Сурхи Маргази бозгашту назди Сиёҳабр омад, гуфт:
— Аз роҳ ба боргоҳ оед.
Чун Сиёҳабр бар даргоҳ расид, пиёда гашт ва он боргоҳ диду ҳайбату сиёсат ва ғуломону ҳоҷибон ва сардонон ҳар яке ба ҷои хеш истода ва ходимон бар дари боргоҳ ва паҳлавонону гарданкашон ва амирону исфаҳсолорон ва умарон давлат зери тахт бар курсиҳои зарину симин нишаста ва ҳар яке истодани истода.
Сиёҳабр даромад ва дар пеши тахт заминро намоз бурд ва офарин кард. Шоҳ бифармуд, то бар дасти рости тахт курсӣ заррине биниҳоданд. Сиёҳабр манишаст ва хизмат кард, гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ