Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй бузургвор шоҳ, бандаву хизматгорем. Дастурӣ надорем, ки бинишинем.
Ҳомони вазир гуфт:
— Эй паҳлавон, он рафт. Акнун дар ҳукми мой ва шитобкорӣ макун, ки шитобкорӣ кори шайтон аст, ки дар араб гуфтаанд: «Ал-аҷалата ах-ан-надома» — Таъҷил кардан бародари пушаймонист.
Сиёҳабр хизмат карду бинишаст ва дар кадду боло ва рӯю мӯи Хуршедшоҳ нигоҳ мекард ва офарин мехонд; то ҷулоб оварданду бозхӯрданд ва хон биниҳоданду бихӯрданд. Пас маҷлиси базм биёростанд ва мутрибон овоз ба самоъ бароварданд ва соқиён шароб дардоданд. Сиёҳабр ба пой баромад ва хизмат карду нома берун овард ва бӯса доду бар канори тахт биниҳод. Шоҳ нома баргирифт ва бар дасти Ҳамони вазир дод.
Ҳомон нома хондан гирифт ва маъонии он нома бо шоҳ маълум гардонид. Чун шоҳи Фағфур ва Хуршедшоҳ аҳволии нома маълум карданд, ҳар дувон бархурӯшиданд бо ҳаман паҳлавонон.
Фағфур гуфт:
— Эй Хуршедшоҳ, духтару зани Арманшоҳ пеши Маҳпарӣ буданд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Бале, надонам, ки ин соат чӣ гуна будааст? Чунин дар кор ғофилем, ки Сурхи Кофар Моҳонаро бо модараш ва дигарон бибараду моро хабар набушад. Ман пиндоштам, ки Сурхи Кофар ба шаҳр рафтааст. Лоло Салоҳро бихонед.
Лоло биёмад, [Хуршедшоҳ] гуфт:
— Духтару зани Арманшоҳ куҷоанд бо дигарон?
Лоло Салоҳи навбатӣ заминро бӯса дод. Гуфт:
— Эй шоҳ, ишон бигурехтанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Некӯ мӯътамаде бошӣ, ки чанд занро ба ту супоранд ва нигаҳ натавонӣ дошт ва чун бираванд, моро огоҳ накунӣ. Чӣ гуна тавонистанд рафтан?
Лоло гуфт:
— Эй шоҳ, ин гуноҳ аз ман нест. Он шаб, ки талоядор Сурхи Кофар буд, биёмаду ишонро бибурд, чунон ки моро хабар набуд. Чун бидонистам, хостам, ки маълуми шоҳ кунам, Маҳпарӣ раҳо накард.
Гуфт:
«Магӯй, то ҳар куҷо, ки хоҳанд, бираванд. Пеш аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё