Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
я ишонро дар банд натавон доштан». Ишонро ба шаҳр бурда бошад. Аз ин сабаб шоҳро маълум накардам. Хуршедшоҳ дилтанг шуд. Ҳеҷ натавонист гуфтан. Рӯй ба Сиёҳабр кард ва гуфт:
— Эй озодмард, чун бозгардӣ, шоҳро бигӯй ин сухан, ки аз Лоло шунидӣ. Ва дигар, «ба эзиди додори кирянгор, ки ман ба ҷуз аз ин соат хабар надорам ва ман худ медонам, ки нек нест. Чун худ гӯем беҳтар. Ва ин савганд аз баҳри ростии гуфтори худ мехӯрам, на аз баҳри узр хостан. Аммо чун Сурхи Кофар Моҳонаро бурд, бар худ гирифтам, ки ӯро ба ту расонам. Аммо дигаронро, ки куштаанд, натавоням. Сурхи Кофарро дастпеши ту фиристам; ва дигар гуфта будӣ, ки аз ин ҷойгоҳ ба маргзори Гӯрон хоҳам рафтам. Маслиҳат чунин беҳтар, ки ҷойгоҳи мо сахт нохуш аст. Ту бирав, ки мо бар аср биёем. Агар ба танз гуфтӣ «мо намегурезем», раво бошад. Чаҷа кунем, ки шуморо битурезонем».
Ин бигуфт ва бифармуд, то ӯро хилъате доданд ва бозгардониданд.
Сиёҳабр ба лашкаргоҳ бозомад ва дар пеши Арманшоҳ хизмат кард ва аҳвол чунон ки маълум буд, бозгуфт ва пайғоми Хуршедшоҳ бигузорд. Арманшоҳу Китилмалик ва паҳлавонон аз гуфтору кирдори ишон аҷаб доштанд. Пас шоҳ бифармуд, то лашкар кӯч карданд ба маргзори Гӯрон. Сад ҳазор савор рӯй бар сари дара ниҳоданд. Кайкони ҷосус аз пеш биёмаду бо Готуш бигуфт, ки:
Лашкари Арманшоҳ рӯй бар сари дара ниҳоданд ва дар маргзори Гӯрон фуруд омаданд.
Готуш рӯй ба паҳлавонон кард, гуфт:
— Чун шоҳ омад, моро бояд ба хизмат рафтан. Аммо қавмеро бар сари дараи Ғури Кӯҳӣ мебояд будан ва нигоҳ доштан ва дара бар ишон ҳисор кардан ва мардон бар сари роҳҳо нишондан, ки ҳар куҷо, ки роҳе пайдо раст, нигоҳ доранд. Бошад, ки ишонро бадин роҳ қаҳр тавонем кардан, ки ишон аз роҳи худ меоянд ва чунин корҳо мекунанд. Ҳамгинон гуфтанд: — Фармонбардорем. Бадин сухан қарор доданд ва гуфтанд, ки «Лудхон аз дараи Снех ва Шаҳ аз дараи Газбон ва Хулон аз дараи Морон ва Хуранг аз дараи Курд ва Амирак аз дараи Лудоб ин панҷ паҳлавон бо бист ҳазор савор бар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё