Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
сари дараи Ғӯри Кӯҳӣ раванд ва мардон бар сари роҳҳо фиристанд.
Чун лашкариён аз он ҷониб бирафтанд, Ғотуш бо ҳар ки монда буданд, рӯӣ бар сари дара ниҳоданд, ки пеши Арманшоҳ оянд.
Бозомадем ба аҳволи Самаки айёр. Чунин гӯяд муаллифи ахбору ровии қисса, ки Самаки айёр чун Кайконро бинавохт ва пайгом бифиристод, Ғӯрро аз кирдору гуфтори ӯ хуш омад. Бар вай офарин кард. Самак хизмат кард. Ғӯр бифармуд, то хон биниҳоданд ва нон бихӯрданд.
Чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, маҷлиси базм биёростанд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Ҳақ таоло тақдир кард, ки он сиёҳ дар он сӯрох аз хоб даромад, офтоб баромада буд ва ҷаҳон равшан гашта. Нигоҳ кард, бастаи худро надод. Чапу рост нигоҳ кард ва талабкор буд, наёфт. Аз сӯрох берун омад. Аз ҳар ҷонибе бирафт, нишони кас наёфт. Бо худ гуфт: «Ин аҳвол бо хоҷа бибояд гуфтан, ки то кист, ки дунболан ин кор дорад. Ман ӯро бубастам, чӣ гуна бирафт». Ин бигуфт ва рӯӣ ба роҳ ниҳод.
Дар он соат, ки Ғӯри Кӯҳӣ бар сари тахт нишаста буд ва айёрон нишаставу шароб мехӯрданд, аз дур зангӣ пайдо омад. Мардумон ба ҷӯш омаданд ва гуфтанд:
«Сиёҳи мардумхор омад». Яке ӯро дашном дод. Яке сақат гуфт. Яке нафрин кард.
Самак бо Рӯзафзун он ҳол бидиданд, ки сиёҳ меомад. Рӯзафзун гуфт:
— Эй Самак, набояд ки сиёҳ биёяд ва ниҳони мо ошкоро шавад.
Самаки айёр гуфт:
— Ғам махӯр, ки зангӣ туро нашиносад.
Ин сухан мегуфт, ки яке гуфт:
— Эй паҳлавон, сиёҳи мардумхор омадааст.
Ғӯр чун бишунид, ба пой баромад ва рӯӣ ба паҳлавонон кард ва гуфт:
— Ҷойгоҳ нигоҳ доред, то ман биёям.
Ин бигуфт ва пазираи зангӣ рафт.
Самак, чун Ғӯри Кӯҳӣ бирафт, аз яке пурсид, ки:
— Ин сиёҳ кист ва аз куҷо меояду чӣ кор дорад?
Он мард гуфт:
— Эй паҳлавон, ин ғуломи Ғӯри Кӯҳист ва мардумдор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё