Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аст ва муддати ду сол аст, зиёдат аст, то ӯро ҳаридааст ва дар ин поядаре мебошад ва аз мо касро дастурӣ нест, ки бад-ин поёни дара равем. Аз ин хабар надорем.

Самак рӯй ба Кӯҳлёр кард, гуфт:
— Эй паҳлавон, сиёҳ кист, ки Гӯр моро раҳо кард ва пеши ӯ бозрафт ва нагузошт сиёҳ бад-ин ҷониб омадӣ?

Кӯҳлёр гуфт:
— Зинҳор эй паҳлавон, ки ин сухан, ки бо ман гуфтӣ, бо Гӯр нагӯй ва баъд аз ин бар забон насварӣ.
Агар туро сар бакор бояд, нагӯй, ки шумо мардони ғарибед. Набояд, ки бар ин сухан шуморо маломат расад ва номи мо зишт гардад.

Самак аҷаб дошт. Рӯзафзун гуфт:
— Эй Самак, ин кор чӣ тавонад буд? Ман бозпурсам.

Самак гуфт:
— Ту ҳеҷ мапурс. Калид мо дорем ва ин роз ба даст оварем. Ва ин сиёҳро даст пеши ту оварам.

Рӯзафзун гуфт:
— Ту бо ин сиёҳ чӣ гуна бароӣ?

Гуфт:
— Он чӣ ман донам, ту надонӣ.

Ишон ин ҳадис мекарданд, ки Гӯр бонг бар сиёҳ зад:
— Кӣ эй мурдорхор, ба чӣ кор омадай ва дарбанд раҷо кардӣ?

Зангӣ хизмат кард, гуфт:
— Эй хоҷа, ба коре фарӣза омадаам, ки коре пеши ман омадааст. Омадам, то туро хабар кунам.

Гӯр гуфт:
— Он чист?

Дасти сиёҳ бигирифт ва бар сари санге бароварда ва пеши худ бинишонд.

Гуфт:
— Бигӯй!

Зангӣ гуфт:
— Дӯш яке ба дарбанд омада буд ва калид дошт.

Гӯр гуфт:
— Дар боз кард?

Гуфт:
— Хост, ки бикушояд, ман ӯро бигирифтам ва ба ҷоняш овардам ва шароб мехӯрдам, то бомдод пеши ту оварам. Бомдод ӯро бозналидам.

пешина
аз 283
навбатӣ