Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гӯр гуфт:
— Чаро ӯро накуштӣ?
Гуфт:
— Иҷозат надоштам, ки ғарибе буд.
Ғӯр бар худ биларзид. Гуфт:
— Ӯро бишиносӣ?
Гуфт:
— Не.
Ғӯр гуфт:
— Бозгард, эй сиёҳ ва бедор бош. Агар кас биёяд, пеши ман овар, то бидонам кист. Як ҳафта шароб махӯр ва бедор бош.
Сиёҳ гуфт:
— Фармонбардорам.
Пас гуфт:
— Эй хоҷа, маро гурусна аст.
Ғӯр бифармуд, то панҷоҳ гӯспанд ва дувист ман нон ба вай доданд. Зангӣ бирафт. Ғӯр андешанок пеши ишон бозомад, ларза бар андоми вай афтода. Аз ғам, сухан натавонист гуфтан. Бархост ва ба сарой даршуд. Паҳлавонон пароканда шуданд.

Ғӯр ҳама шаб дар андеша буд, ки чӣ гуна аст? Чӣ касест, ки қасди ин кор мекунад? Бо худ гуфт: «Шоҳон буд, ки қасди ин кор мекард. Ӯро куштам. Мумкин, ки сиёҳ ба хоб дидааст. Агар на, ба шаб як тан чӣ гуна биёяд? Магар ду тан будаанд. Сиёҳ гуфт: «калид дошт». Биравам ва бинигарам, ки калид ҳаст?» Ин бигуфту пояи тахт бишикофт. Сандуқ буд, аммо калид набуд. Ғам бар вай музоаф 1 шуд. Сухани сиёҳ ӯро дуруст омад. Ғамнок шуд. Ҳеҷ гуна ӯро хоб намебурд. Гумон набурд, ки ин кор Самак ё Рӯзафзун кардааст.

Пас гуфт: «Мумкин бошад, ки Рӯзафзун Шоҳонро накушта бошад ва ин кор бикунад».
Ричаи гетӣ бароварду шаби зулмонӣ дар таҳти самак 2 рафт, Ғӯри Кӯҳӣ ба тахт баромад. Паҳлавонон ба хизмат омаданд. Самак низ бо қавми худ ба хизмат омаданд. Ғӯр дилтанг буд. Бифармуд то хон биниҳоданд. Нон бихӯрданд. Пас маҷлиси базм биёростанд, ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Пас Ғӯр рӯй ба Самак карду гуфт:

1 М у з о а ф — дучанд.
2 Яъне: зери замин;

пешина
аз 283
навбатӣ