Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй паҳлавон, он рӯз, ки Шоҳонро овардӣ, Шоҳонро ба дасти хоҳари ту додам. Рӯзафзун, ки ӯро ба қатл овард, бо вай чӣ кор кард, ки ман худ он рӯз аз вай бозхост накардам?

Рӯзафзун хизмат карду гуфт:
— Эй паҳлавон, ӯро накуштам.

Гӯр аз ҷой баромад. Гуфт:
— Куҷост?

Рӯзафзун забон баркушод ва гуфт:
— Чун ман ӯро ба реги равон бурдам, бигурехт. Пештар зинхор хост, ки «маро розе дар дил ҳаст, то бигуям». Гуфтам: «Бигӯй маро». Гуфт: «Ту занӣ ва бо занон роз гуфтан нашрояд. Ҷавонмардӣ кун ва Самакро пеши ман хон». Маро дил бар вай бисӯхт, азбас гиряву зорӣ мекард. Гуфтам: «Ӯро сухане ҳаст ё андарзе кунад, агар ӯро як замони дигар куштам, раво бошад. Муроде ҳосил кунам, то маро гуноҳ набошад, ки худ бало бошад маро ба куштани вай, аммо камтар бошад, ки муроде аз они вай бароварда бошам». Ӯро баста раҳо кардам. Гуфт: «Аз баҳри ҷавонмардӣ банд аз дасту пои ман суст кун». Ӯро банд суст кардам. Чун ба талаби Самак омадам, дар хизмати ту буд, натавонистам хондан. Чун бозгаштам, Шоҳонро надидам ва аз ҳар ҷонибе давидам ва нишоне набуд. Дилтанг шудам ва аз шарми он сухан нагуфтам.

Чун Гӯр ин сухан бишунид, барошуфт ва гуфт:
— Эй Самак, ин кор нек аст? Агар на он будӣ, ки шумо зинхориён манед ва ба худ қабул кардам ва агар на, ин соат бифармудаме, то аз коркарди Рӯзафзун ҷамаро пора-пора кардандӣ ва сари ӯ аз тан ҷудо кардандӣ, ки дар ҷаҳон душмани бузургтарини ман ӯст ва акнун қасди хонумони ман кунад, то хароб кунад.

Самак даръёфт, ки ӯро чӣ будааст. Барҷост ва хизмат карду гуфт:
— Эй паҳлавон, ҳар чӣ ту кунӣ, мо бандаем. Агар хоҳари ман ба ноҷо коре кард, ки муставҷиби уқубат аст, аз вай ба ҷавонмардӣ даргузар. Агар чӣ донову ирфон бошад, аз камъақлӣ корҳо кунад, ки мардумро хоҳуш ояд ва бошад ки аз он кирдор ҷаҳоне барбод ояд. Акнун тамоми ҷавонмардист, ки ӯро бибахшӣ.

Гӯр гуфт:

1 Андоза — роҷиет.
2 База — гуноҳ.

пешина
аз 283
навбатӣ