Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Бинишин, ки чун мурғ аз дом ҷаст, душвор бозояд.
Самак гуфт:
— Ту ҳанӯз ба ғаври 1 кори ман нарасидаӣ: — Гуфт:
— Ба яздони додори кирдигор, ки агар ҷойгоҳи ӯ ба авҷи фалак бошад, ман ӯро пеши ту оварам ва қавли маро бовар кун.
Ғӯр гуфт:
— Ин даъво, ки мекунӣ, коре азим аст. Надонам, ки чӣ гуна ба даст тавонӣ овардан.
Самак гуфт:
— Мардон даъво накунанд, аммо дар ин соат вақти даъво кардан аст ва ба ҷо меоварам. Бояд касе мақоми ӯ дар лашкаргоҳ бинамояд, ки ман ғарибам. Агар ҷойгоҳи ӯ бидонам, нагузорам, ки рӯзгор барад.
Ғӯр гуфт:
— Бинишин ва шароб бихӯр, ки фардо туро бигӯям.
Самак қадаҳи шароб дар даст гирифт ва дасти Кӯҳьёр гирифту ба гӯшае овард. Гуфт:
— Эй паҳлавон, аз баҳри яздон бигӯй, ки мақоми Шоҳон куҷост?
Кӯҳьёр гуфт:
— Эй бародар, туро бо ин чӣ кор? Он худ рафт. Кори бозӣ нест, ки ҷойгоҳест, ки осон натавон рафт.
Самак гуфт:
— Эй бародар, ту бигӯй, ки куҷост, ки ман биравам. Ё сар биниҳам ё ин кор тамом кунам ва Шоҳонро биёварам, то хиҷил набошам. Охир шунидӣ, ки чанд сухан бо ман гуфт ва ҳама барҳақ гуфт. Ҳар киро сухан дард накунад, мард нест.
Аз бисёрни шафоат, ки кард, Кӯҳьёр гуфт:
— Ҷойгоҳи ӯ дар Шаҳдара аст, аз паси он қалъа, ки ту бикушодӣ. Чун бигузарӣ, аз он мақом, ки лашкари Готуш фуруд омадаанд, аз дасти рост дарае пайдо гардад. Он дараи Сурх аст ва аз дасти чап кӯшке аз санг сохтаанд, азим.
Самак бихандид, гуфт:
— Пиндоштам, ки ҷойгоҳи ӯ аз ҷаҳон берун аст. Аз он қалъа душвортар нест, ки кушудам. Акнун зинҳор то ин сухан пеши Ғӯри Кӯҳӣ нагӯй.
ПАС ба шароб хӯрдан машғул шуданд ва нишот мекарданд, то шаби тира рӯй дар ҷаҳон овард. Самак боз ҷони хеш омад ва бо Рӯзафзун гуфт:
1 Ғавр — қаър, таҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё