Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ба талаби Шоҳон меравам, ки даъво ки кардаам, ба ҷой оварам ва он дар бикшоям ва розҳо маълум кунам ва агар Ғӯр талабкори ман бошад, бигӯй ки. «Акнун ба хизмат дарояд», мағӯ, ки ба чӣ кор рафтааст.
Рӯзафзун гуфт:
— Фармони турост.
Самак он чӣ боист, сози кор баргирифт ва доруе бисохту дар рӯи хеш молид ва сиёҳчеҳра шуд. Рӯй ба роҳ ниҳод ва аз дара берун рафт то пеши лашкаргоҳи паҳлавонон расид, ӯро бигирифтанд. Гуфтанд:
— Ту кистӣ?
Самак шунида буд, ки Арманшоҳро ҷосусе ҳаст, ки номи ӯ Ламак. Гуфт:
— Манам Ламаки ҷосус, хизматгори Арманшоҳ. Чун ба марғзор неомад, маро аз пеш бифиристод, то аҳволи дараи Ғӯр бидонам, ки чӣ гуна аст. Акнун бозмегардам.
Ва номи Ламак шунида буданд. Ӯро пеши паҳлавонон бурданд. Амирон чун ӯро бидиданд, хизмат карданд. Пурсиданд, ки:
— Ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ?
Гуфт:
— Манам Ламаки ҷосус. Маро Арманшоҳ ба дараи Ғӯр фиристод, то бибинам, ки чанд лашкаранд ва захира чанд аст. Акнун боз пеши Арманшоҳ хоҳам рафт, ва маро бигирифтанд.
Гуфтанд:
— Дара дидӣ? Чанд мард он ҷойгоҳанд?
Гуфт:
— Дувоздаҳ ҳазор мард. Аммо захира беш аз ду-се моҳа нест. Меравам то шоҳро хабар кунам.
Пас гуфт:
— Эй паҳлавонон, маро нишоне диҳед, то ҳеҷ кас маро ранҷ нанамояд, ки ба таъҷил омадам ва небояд рафтан, ки ду-се рӯз аст, ки омадаам. Яқин донам, ки маро интизор мекунанд.
Гуфтанд:
— Ӯро тир диҳед.
Самак гуфт:
— Тир намехоҳам, ки маро ба сухан даргиранд. Муътамаде бо ман ҳамроҳ кунед, то дар кӣ чим пурсад, ӯ ҷавоб диҳад.
Пас марде бо ӯ ҳамроҳ карданд, то Самак берун омад.
Пас гуфт:

пешина
аз 283
навбатӣ