Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй ҷавонмард, заҳмат кашидӣ. Бозгард.
Самак роҳи дараи Сурх дар пеш гирифт. Чун бирасид, лашкари Шоҳон ӯро бигирифтанд. Ӯ гуфтанд:
— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Манам ҷосус, аз дараи Ғӯри Кӯҳӣ меоям ва муждагонӣ овардам ва ӯро дар лашкаргоҳ надидам. Магар ин ҷойгоҳ аст.
Гуфтанд:
— Ин ҷо нест.
Ва чунин буд, ки чун аз реги равон, аз пеши Рӯзафзун бигурехт, ба дараи хеш омад ва лашкари вай ҷумла бозгаштанд. Гуфтанд: «Чун Шоҳонро бибурданд, моро ба дараи Ғӯр чӣ кор».
Чун Шоҳон аз он ҷониб бозомад, хуррам шуданд ва ба ҷои хеш бозомаданд, ки Самак бад-он дара омад. Ва ӯро пеши Шоҳон бурданд.
Самак кӯшке дид, аз санг муҳкамтар ва хидматгорон ба дари сарой истода. Гуфт:
Шоҳонро хабар кунед, касе омадааст ва муждагонӣ оварда.
Хабар карданд. Гуфт:
— Ӯро дароваред, то бибинам кист.
Самакро пеши Шоҳон оварданд. Чун Самак Шоҳонро бидид, хидмат кард ва сапо гуфт. Шоҳон гуфт:
— Эй озодмард, чӣ хабар овардай?
Гуфт:
— Ман аз дараи Ғӯри Кӯҳӣ омадаам ва он ҷо будам дар он вақт, ки туро Самак пеши Ғӯр оварда буд ва [Ғӯр] ба Рӯзафзун супурд, то туро ҳалок кунад. Яздон туро халос дод. Рӯзафзун ҳеҷ нагуфт, то рафтӣ. [Пас] гуфт: «Эй паҳлавон, аз дасти ман биҷаст». Ғӯр чандон хорӣ кард бар Самаку Рӯзафзун, ки натавон гуфт. Ва Самак бар худ гирифт, ки туро пеши Ғӯр барад. Ман истода будам, ки мегуфтанд, ки Самак бо Кӯҳйёру чанд танӣ дигар хоҳанд омадан, ки туро бибаранд. Гуфтам:
«Дареғ бошад, ки чунон марде бар дасти чунин марде барбод ояд» — ва рӯй ба роҳ ниҳодам, то туро огоҳ кунам. Бояд ки ҳазм дар пеш дорӣ. Лашкарро бифармой, то роҳҳо нигоҳ медоранд.
Шоҳон хуррам шуд ва гуфт:
— Шод бош, эй мард. Афоллоҳ, ки ту мардии хеш кардӣ.

пешина
аз 283
навбатӣ