Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бро пеши худ хонд ва чизе бихост, то бихӯрданд ва шароб хӯрданд. Пас гуфт:
— Эй пахлавон, чӣ чон шароб хӯрдан аст, ки ман аз ғам ки хӯрдам, ҳеҷ фурӯ намеравад.
Шоҳон гуфт:
— Шароб хӯр, то ранҷи ту бибарад ва ҳар куҷо ки ҷоҳӣ, мебош.
Самак хизмат кард ва шароб хӯрд. Шоҳон дувист мард бихонд, ки роҳҳо нигоҳ доранд.
Иттифоқ, чун шаб даромад, Самак беҳушона дар шароб афканд ва худ биҳуфт. Ишон як-як биҳуфтиданд.
Беҳуш мебуданд. Самак бархост ва андеша кард, то ӯро ҳилат ба ёд омад, ки Шоҳонро чун бибарад. Ба матбах омад, ду сандуқ баргирифт ва Шоҳонро дар яке хобонид. Ва кулоҳи ӯ баргирифт. Ва қадре зар дар остии ниҳод. Ва он сандуқи дигар аз зару ҷавоҳир пур кард. Берун омад, дар боз кард. Ҳар киро дид, зар медод. Гуфт:
— Шоҳон маро ҳильат фармуд, ки ин соат бозгардам. Бираведу астаре аз пойгоҳ биёваред, ки ба ман додааст. — Ва ду сарҳанг ба ёрии худ хонд. Ва сандуқ бариниҳоданду Самак дар миёни ду сандуқ нишаст. Ишон надонистанд, ки ин ҳилат аст.
Пас густох мегузашт. Ҳар кӣ пурсид, ки «ту кистӣ», гуфт: «Манам, ки муждагонӣ овардаам ва бозмегардам».— Чунӣ мегуфт. Мардум пин доштанд, ки рост мегӯяд, то аз миёни лашкаргоҳ берун омад. Субҳ буд, ба роҳ афтод. Андеша кард, ки бо ин сандуқ чӣ гуна ба дараи Гӯри Кӯҳӣ тавонам рафтан миёни чандин даюр.
Ҳак таоло ва ало тақдир кард, ки ӯ дар ин андеша буд, ки овозе ба гӯши вай расид. Ногоҳ сад харвор бор дид, ки мебурданд. Самак пеш омад ва пурсид
— Кистед ва ин борҳо аз онӣ кист?
Гуфтанд:
— Аз пеши Готуш мешем ва ба дараи Гӯри Кӯҳӣ меравем Самак гуфт:
— Ҳеҷ шаробӣ баҷой доред?
Гуфтанд
— Дорем Гуфт
— Ду хик ба ман диҳед ва он ду хик ба об омехта кунед

пешина
аз 283
навбатӣ