Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас даст дар миён кард ва бист динори зар бадар овард ва бад-ишон дод баҳои чаҳор харвор. Гуфтанд:
— Ду харвор аз пеш аст.
Харбандагон кам бор доштанд ва бори вай бар сар ниҳоданд, ва ду дуруст¹ зари дигар бар ишон доду борҳо барниҳод. Ва Самак худро дар миёни ишон таъбия² кард.
Чоштгоҳ бирасиданд ба лашкаргоҳ. Фуруд омаданд, то ҳар амире насиби шаробу ҳавеҷ баргиранд. Самак бори худ афканда буд ва назора мекард, то рӯй ба шаробдори Амирак кард, гуфт:
— Шароб дорӣ?
Гуфт:
— Чандон ки хоҳӣ, дорам.
Миқдори панҷоҳ динори зар ба шаробдор дод.
Гуфт:
— Куҷо хоҳӣ бурдан?
Самак гуфт:
— Ҳеҷ донӣ, ки имшаб амири талоя кист?
Шаробдор гуфт:
— Навбати Дудхон аст. Он хаймаи баробар, ки се пора алам зада аст.
Самак бо харбандагон гуфт:
— Се астар киро аз ман биситонед то бад-он хайма.
Ду дуруст бар ишон дод. Се астар бор барниҳоданд, то ба дари хаймаи Дудхон расид. Мардум истода, Самак бар ишон салом кард. Ҷавоб доданд. Самак гуфт:
— Паҳлавонро хабар кунед, ки марде ғариб омадааст ва ҳадияи овардааст.
Ҳоҷибе рафт ва аҳвол бозгуфт. Гуфт:
— Дароред.
Самакро дароварданд. Хизмат кард, гуфт:
— Эй паҳлавон, чизе ба хизмат овардаам.
Гуфт:
— Чист?
Гуфт:
— Шароб аст ва марде бозоргонам аз сарҳади Мочин ва бародаре дораму модаре пир. Як сол аст, то бародарам ба дараи Ғӯри Кӯҳӣ рафтааст. Акнун ин ҳодиса афтод ва роҳ баста шуд ва модарам дар фироки он

1 Дуруст — тангаи тилло, динор;
2 Таъбия — пинҳон.

пешина
аз 283
навбатӣ