Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
писар бемор гаштааст ва мегиряд. Омадаам то бародарамро боз пас барам ва маро савоб аз яздон бувад ва ҳаққи модар ба ҷой оварда бошам, ки раичур аст.
Ин бигуфт ва бадрӣ зар аз инён боз кард ва пеши Дудхон биниҳод. Гуфт:
— Эй паҳлавон, маро ба худ қабул кун ва ба сари дараи Гӯри Кӯҳӣ бар, то ба дараи Гӯри Кӯҳӣ раваму бародарамро биёварам ва ба хизмат оям ва ӯро пеши модар барам. Ва туро низ аз яздон савоб бошад.
Дудхон пин дошт, ки ӯ рост мегӯяд. Зар буд, ки сухани Самакро дар дили Дудхон ҷойгир кард ва шароб ӯро маст кард ва зӯр ӯро кам шуд. Самакро ба худ пазируфт. Даст дар ангуштарӣ кард ва берун оварду ба дасти Самак дод ва гуфт:
— Ин нигоҳ дор ва дар лашкаргоҳи ман ҳар куҷо, ки хоҳӣ, мебош, ки ин ангуштарӣ нишони ман аст.
Самак хизмат кард ва бозгашту пеши сандуқҳо омад ва сари он сандуқ, ки Шоҳон дар он буд, боз кард ва митҳрае об овард ва об дар даҳони ӯ рехт ва порае беҳушона дар даҳони ӯ ниҳод. Дигарбора чашм бикушод ва беҳуш гашт. Самак сандуқро қуфл барзад ва мебуд, то шаб даромад.
Ногоҳ марде биёмад, ки паҳлавон туро мехонад. Самак пеши Дудхон омад ва хизмат кард. Дудхон гуфт:
— Ман ба талоя хоҳам рафтам. Агар хоҳӣ, бо ман биё, то туро бар сари дара барам.
Самак ӯро дуо кард. Биёмад ва ҳар ду сандуқ бар сари астар ниҳод ва дар миёни ҳар ду сандуқ нишаст ва бо Дудхону лашкар ҳамроҳ шуд, то ба наздики дараи Гӯри Кӯҳӣ омадаанд бар ҷойгоҳи талоя. Дудхон гуфт:
— Эй озодмард, маро беш аз ин фармон нест. Аз он ҷониб ту донӣ.
Самак офарин кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, он чӣ бар ту бошад, мекун, ки ман аз он ҷониб ошной бидичам, ки манро дидаанд ва мешиносанд.
Ин бигуфт ва густох ба миёни дараи Гӯри Кӯҳӣ даршуд, сурудгӯён ба наздики талоя расид. Нигоҳ кард, машъалан бисьёр дид афрухта ва Кӯҳҳбру Кӯшьёр бо лашкаре гаронмон ба талоя истода ва Ниёл бинии Саҷой бо ишом. Чуи овози Самак бишунидаанд, Кӯҳҳбр гуфт:
— Ин кист, ки сурудгӯён бад ин дара меояд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё