Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ниёл бинни Санҷонӣ дартохт ва камон аз бозу бадар овард ва чӯбае тир дар камон ниҳод, то ӯро бизанад.
Самак гуфт:
— Эй ҳаромзода, мазан, ки ошност.
Ниёл овози Самак бишинохт. Кӯҳъёру Кӯшӯёрро хабар кард, ки «Самак омад». Ишон гуфтанд, ки «чӣ мегӯй?» — Аспон аз ҷой барангехтанд ва пеши Самак омаданд ва бидиданду бишинохтанд. Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, дар ин ними шаб аз куҷо меоӣ? Пин дорӣ ки аз бозор ба сарой меравӣ?
Самак ишонро гуфт:
— Ба иқболи шумо бозору сарой якест, ки аз миёни сад ҳазор душман аз Шаҳдара меоям ва Шоҳонро овардам.
Кӯҳъёру Кӯшӯёр гуфтанд:
— Чӣ мегӯй? Аз миёни чандин ҳазор савор, ки бар сари дараанд, чунон ҷойгоҳ, чӣ гуна тавонистӣ омадан?
Чаро чунин гӯй?
Гуфт:
— Мардон дурӯғ нагӯянд. Ман аз дараи Шоҳон меоям.
Гуфтанд:
— Агар чунин аст, нишоне бинамой.
Самак гуфт:
— Агар нишоне мехоҳед, маро пеши Ғӯри Кӯҳӣ баред,
то нишони Шаҳдара намоям.
ПАС ҳар чаҳор рӯй ба роҳ ниҳоданд ва лашкарро гуфтанд:
— Бедор бошед.
ПАС пеши Ғӯри Кӯҳӣ омаданд. Ғӯри Кӯҳӣ ҳанӯз шароб мехӯрд, ки Кӯҳъёру Кӯшӯёр дар пеши вай рафтанд ва хизмат карданд. Ғӯр гуфт:
— Ба чӣ омадаед ва талоя раҳо кардаед?
Ишон гуфтанд:
— Эй паҳлавон, Самак омадааст ва сухане чанд номаъкул мегӯяд, ки аз Шаҳдара меоям.
Ғӯр гуфт:
— Ӯро дароваред.
Самакро дар пеши Ғӯр оварданд. Хизмат кард.
Гуфт:
— Эй паҳлавони Самак, ин чӣ сухан аст, ки аз ту мегӯянд? Яъне ки аз Шаҳдара меоӣ? Нишони Шаҳдара чист ва ин чӣ гуна тавонад будан?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё