Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, аз Шаҳдара меоям ва нишоне дорам, дар сандуқ аст.
Сандуки зар фаро пеш дошт, сари сандуқ боз кард.
Ҳама зару ҷавоҳир буд. Гӯри Кӯчӣ гуфт:
— Эй Самак, мардон дурӯғ нагӯянд.
Самак бихандид. Гуфт:
— Эй паҳлавон, сандуки дигар биёваранд.
Биёварданд. Сар боз кард. Шоҳонро дид, беҳуш афтода, ӯро бароварданд ва дар пеши Гӯри Кӯчӣ бихобониданд. Самак гуфт:
— Нишоне беҳтар аз ин бошад?
Гӯр чун Шоҳонро дид, фурӯ монд ва ангушти тааҷҷуб ба дандон бигирифт. Гуфт:
— Шод бош эй паҳлавон. Дар ҷаҳон кадом мард бошад, ки ин кор бикунад ва ӯ дар вақти тавонад овардан?

Гӯр Самакро меситуд, ки Шоҳон биҷунбид ва кай кард ва чашм боз кард. Ҳамгинонро дид, фурӯ монд.
Шоҳон сар дар пеш андохт ва зор бигирист. Гуфт:
— Эй паҳлавони ҷаҳон ва эй сари ҷавонмардон, маро овардӣ ва ба дасти хунбол додӣ. Ин чӣ ҷавонмардист?
Ман бо ту дар умри худ чӣ бад кардаам? Ин кина туро бо ман аз чӣ афтод ва ин адоват чарост? Ҷавонмарди ҳамин бошад, ки касеро ба хун диҳанд? Ин кор, ки ту бо ман кардӣ, аз ҳама ноҷавонмардӣ батар аст. Аз ягон наметарсӣ, ки хуни ман дар гардани худ мекунӣ?
Туро худ бар ҷавони ман раҳмат нест? Акнун гуфтан суде надорад. Аз баҳри Яздон бар ман бибахшой. Чун маро овардӣ, дар зинҳори туам. Магузор, ки маро бикушанд. Агарчӣ маро ба ҷон зинҳор нахоҳад додан, аммо пеш аз куштан иҷозат хоҳам, ки дарде дар дил дорам то бигӯям. Боқӣ ту дониву Яздон ва рӯйи қиёмат дасти ману домани ту.

Самак чун ин сухан бишунид, дилаш дард гирифт ва
дареғи бисёр хӯрд, то худ ӯро аз баҳри чӣ овардам, чун
дониста будам, ки Гӯр ӯро ҳалок хоҳад кард. Беш аз ин
набуд, ки гуфтанди «Самак даъвои бемаънӣ кард». Бадин маро накуштанди. Чора он аст, ки бо Гӯр бигӯям. Вошад, ки муроди ӯ ба маҳил ояд ва ӯро дарде камтар бошад ва ман низ бидонам, ки чӣ сухан мегӯяд, ки ин сухан

пешина
аз 283
навбатӣ