Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ба дастури метавонад гуфтан ва маро низ ин ҳавас аст».
То ин суханҳо мегуфтанд, Ғӯри Кӯҳӣ сар баровард, гуфт:
— Ёрон шунидед, ки Шоҳон чӣ гуфт ва чӣ орзу хост?
Самак гуфт:
— Банда ӯҳда бар худ гирифт ва берун омад. Акнун чандон замон ба шафоат аз Ғӯр мехоҳам, то ин сухан бигӯяд ва дард аз дилаш берун равад, ки сари ҳамаи ҷавонмардони олам туй ва дар машриқу мағриб номи ҷавонмардии ту рафтааст, ва сари ҳамаи ҷавонмардӣ муроди мардум ба ҳосил овардан аст.
Ғӯр гуфт:
— Эй Самак, ӯро гардан бизан, агар маро мехоҳӣ ва агар на, ба касе дигар фармоям, ки он чӣ ман донам, ту надонӣ. Ва ин сухан нагузорам, ки бигӯяд, ки маслиҳат нест.
Самакро ҳаваси ин сухан дар дил зиёдтар шуд, ки ин худ чӣ сухан аст. Гуфт:
— Эй паҳлавон, агар намехоҳӣ, ки Шоҳон бигӯяд, ту худ бигӯӣ, то дарди ӯ камтар бошад. Он гоҳ ӯро бикушед.
Ғӯр гуфт:
— Эй Самак, ман қасам дорам, ки ҳар кӣ ин сухан аз ман пурсад, ӯро гардан бизанам ва агар на, худро бикушам, то ин сухан нагӯям ва нашунавам. Акнун ту ғарибӣ ва ба ман расидаӣ ва аҳволи сухан намедонӣ ва ман туро ба худ қабул кардаам ва бар ман ҳақҳои бисёр дорӣ ва бисёр ҷавонмардӣ кардӣ ва дар бисёр кор ҷустӣ — туро накушам. Аммо аз баҳри дили ту бигӯям ва худро бикушам...
Самак дар пои Ғӯр афтод, гуфт:
— Эй паҳлавон, зинҳор то ин сухан нагӯяд. Ва агар дарде дар дил дорад, раҳо кунад, то мебошад ва ту низ аз ҷавонмардиву аз баҳри яздон Шоҳонро ба ҷон озод кун то биравад.
Ғӯр гуфт:
— Озод кардам.
Самак хизмат кард ва бархосту сари Шоҳон дар канор гирифт, гуфт:
— Эй Шоҳон, чун наҷот ёфтӣ, савганд хӯр, ки он чӣ дидӣ, надидӣ ва он чӣ шунидӣ, нашунидӣ ва пеши кас ин сухан нагӯй ва рози мо ошкоро накунӣ, ки чӣ кардаму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё