Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чӣ сохтам ва аз ман чӣ ба ту омад. Ва ҳар чӣ аз ин маънӣ аз ту пурсанд, бо кас нагӯӣ.

Шоҳон савганд хӯрд ба одате ки ишонро буд, ки он чӣ ба вай омад, назди ҳеҷ офарида нагӯяд ҷуз ба некӣ гуфтан. Паҳлавони Самак ӯро дар канор гирифт ва офарид кард. То ба сари дара бо вай ҳамроҳ шуд ва ӯро равона кард.

Вақти он буд, ки офтоб барояд, ки Шоҳон ба лашкаргоҳи Хулон расид ва ӯро пеш бозомаданд ки кистӣ?
Гуфт:
— Манам Шоҳон.

Ӯро бишинохтанд ва хизмат карданд. Шоҳонро аз он ҷо пеши Хулон бурданд. Чун Амираку Хурангу Шоку Дудхон — ҳама ҳозир буданд, ки ба навбат ҳар бомдод ба хизмати якдигар рафтанд. Чун Шоҳон даромад, ҳама бархостанд ва хизмат карданд ва болои дасти ҳама бинишонданд. Гуфтанд:
— Эй Шоҳон, аз куҷо меоӣ, ки моро ҳама ғами ту буд, аҳволи ту намешунидем? Чӣ гуна раҳо ёфтӣ? Хуррам шудем, ки туро бозёфтем. Аҳвол бигӯй, ки сабаби наҷоти ту чун буд аз он лашкари Гӯр? Муддате буд, ки туро бурда буданд. Ҳама бозгӯй.

Шоҳон гуфт:
— Эй паҳлавонон, чун маро бибурданд, Гӯр маро сиёсат фармуд. Самаки айёр, ки ба зинҳори Гӯр шудааст, ҷавонмардӣ кард ва маро аз Гӯр бихост. Гӯр маро ба вай бахшид. Самак маро бикушод ва бинавохту то сари дара ҳамроҳи ман буд ва маро гусел кард. Не ман ҷон аз Самаки айёр дорам, ва агар на, ҳеҷ боқӣ набуд, ки Гӯр маро бикуштӣ. Аҳволи лашкар чист ва Готуш куҷост?

Гуфтанд:
— Паҳлавонони дара ба ҷойгоҳи хеш рафтанд ва паҳлавони Готуш бо қавме ба назди Арманшоҳ рафтанд, ки бар сари дара омадааст ба маргҷӯри Гурон. Ва маро Готуш ба сари дараи Гӯр фиристодааст. Ин ҷойгоҳ мебошем ва ҳисор медиҳем.

Шоҳон гуфт:
— Рӯй ба дараи худ бояд ниҳодан, то бингарам, ки аҳволи лашкари ман чист. Он гоҳ ба хизмати шоҳ равам.

Ин бигуфт ва рӯй ба роҳ ниҳоду бирафт.

пешина
аз 283
навбатӣ