Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷониб лашкар ба сари дара ба Ҳисор, аз он ҷониб Арманшоҳ ба марҷори Гӯрон фуруд омад.
Ғотуш пеши Арманшоҳ расид ва хизмат кард. Арманшоҳ ӯро бинавохт ва гиромӣ кард ва аз он чӣ рафта буд, бо ҳам мегуфтанд. Шоҳ аз аҳволи Хуршедшоҳу Фағфур ҳар чӣ воқеъ шуда буд, мегуфт. Ғотуш аз кору кирдори Самаки айёр бозмегуфт. Ҳамгинон аҷаб доштанд.
Ғотуш гуфт:
— Эй шоҳ, мумкин бошад, ки Хуршедшоҳ бад-ин ҷониб биёяд?
Шоҳ гуфт:
— Он дилу заҳра, ки ишонрост, агар ҳазор фарсанг биравам, аз дунболаи ман биёянд.
Малик таоло тақдир кард, ки ишон дар ин гуфтор буданд, ки овози кӯси ҳарбӣ баромад. Арманшоҳ гуфт:
— Эй Ғотуш, як ҳафта барнаёмаД, ки ишон расиданд.
Пас лашкари Хуршедшоҳ бирасиданд. Пешрави лашкар Фаррухрӯзи бародари Хуршедшоҳ. Бо Фағфур дар маргзор фуруд меомаданд ва хаймаҳо мезаданд ва боргоҳу саропардаҳо меафроштанд.
Ва ин чунон буд, ки чун Арманшоҳ аз он набардгоҳ кӯч кард, Хуршедшоҳ гуфт: «Моро бибояд рафтан пеш аз он ки ишон биёсоянд ва кор бар худ рост кунанд».
Фармуд, то сипоҳ кӯч кунанд. Фаррухрӯз ва ҷумлаи сипоҳ дар паи ишон, амирону сафдарон ва Хуршедшоҳу Фағфур, чунон ки мерасиданд ва фуруд меомаданд. Ҷумлаи сипоҳ фуруд омаданд ва дар баробари сипоҳи Арманшоҳ манзил месохтанд.

Мо омадем ба ҳадиси Ғӯри Кӯҳӣ. Чунин гӯяд худованд ва ровии ахбору ҳикоят, ки чун Самаки айёр Шохонро аз Ғӯр бихост ва бифиристод, чун ба хизмати Ғӯр бозомад, Ғӯр ба тахт баромада буд. Паҳлавонон ба хизмат меомаданд. Самак нигоҳ кард, Рӯзафзунро надид. Бо худ андешид, ки «ба дарбанд рафтааст».
Дам даркашид. Чун паҳлавонон ҳама ба хизмат омаданд, Самак гуфт:
— Эй паҳлавони Ғӯр, чунон шунидам, ки Арманшоҳ бар сари дара омадааст бо тамоми лашкар. Ночор Хуршедшоҳ бо Фағфур биёянд ва яке талабкори ман бошанд ва дигар, ишонро нагузоранд, ки яке сар бадар баранд.

пешина
аз 283
навбатӣ