Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Аз вақт ишои ба кори худ машғуланд ба менапардозанд. Имрӯз ба шароб хӯрдан машғул шавем.
Ғӯр гуфт:
— Чунин бояд кардан.
Пас хои биниҳоланд. Чуи фориғ шуданд, маҷлиси базм биёростанд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Самак дил машғул буд аз баҳри Рӯзафзун. Гуфт: «Мабодо ки рафта бошад ва дар банди зангӣ гирифтор шуда бошад ва ин аҳвол ба гӯши Ғӯр расад ва оби ҷо биравад». — Ин андеша мекард ва худро «маст» месохт Хурмузи Кел ва Самуру Сурхвард ва дигарон бо вай бархостанд ва дар хизмати вай ба ҷойгоҳи хеш рафтанд.
Самак аз ишон талаби Рӯзафзун мекард. Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, чуи ту бирафтӣ, бархосту бад-ин дара фурӯ рафт. Ҳарчанд ӯро гуфтам «марав, ки паҳлавони Самак гуфтааст», қабул накард, ва аз дунбораи вай нарафтам аз баҳри дили ту, ки гуфтӣ «бар ин дара маравед».
Самак фурӯ монд. Гуфт: «Рӯзафзун бебок аст ва ӯро шафақат бар худ нест ва ному нанги мо нигоҳ намедорад, ва ба мағрурии худ сарафроз асту ба зӯри худ мағрур ва бар ҷони худ бахшоиш надорад, ва пин дорад, ки ҳама коре тавонад кардан». — Ин бигуфт ва силоҳ бар худ рост карду рӯй ба дара ниҳод ва мерафт, то ба наздики дарбанд расид. Ҳеч касро надид. Дар андеша, ки «кори Рӯзафзун ба чӣ расид», ки ногоҳ гуридани сиёҳ шунид, ки аз он сӯрох берун омад гурзе бар гирифта ва рӯй ба дарбанди оҳанин ниҳода.
Самак дар ҷое пинҳон шуд. Сиёҳ биёмад ва дари дарбанд нигоҳ кард ва бозгашт. Самак дар пои сиёҳ мерафт, то бад-он мақом расид, ки оташ карда буд. Ва сиёҳ гӯсфанд кушта буд ва афканда ва бинишасту гӯсфанд бирёнӣ мекард ва мехӯрд. Самак дар гӯшае пинҳон шуд ва сиёҳро менигарист ва нишони Рӯзафзун намедид. То як замон баромад, аз дур рӯшноие дид, ки сӯи дарбанд мерафт. Хуррам шуд. Сиёҳро дид, ки аз ҷой бархосту гурз
бар гардан ниҳоду рӯй ба дарбанд ниҳод. Самак ӯро нигоҳ медошт, то сиёҳ пеши дар расид.
Самак нигоҳ кард, Ғӯри Кӯдиро дид, шамъе муанбар дар даст гирифта ва бар даргоҳ истода. Сиёҳ назди Ғӯр замин буса дод. Ғӯр гуфт:
— Эй сиёҳ, на туро гуфтам бедор бош ва дарбанд нигоҳ дор? Бигӯ, то ҳеч кас дидӣ ё не?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ