Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Сиёҳ гуфт:
— Эй хоҷа, аз кор ғофил нестам. Ҳеҷ кас надидам ва наёмад.
Ғӯр гуфт:
— Нигоҳ дор, ки калид бурдаанд, бешак биёяд.
Ин бигуфт ва хост то бозгардад. Сиёҳ хизмат кард ва гуфт:
— Эй хоҷа, маро шароб мебояд. Чанд рӯз аст, то хамр¹ нахӯрдаам. Паҳлавон донад, ки ман бе шароб натавонам будан. Чун он чи маро мебояд, намедиҳӣ, боре шароб дастурӣ деҳ.
Гуфт:
— Эй сиёҳ, имшаб шароб хӯр, дигар то як ҳафта махӯр.
Ғӯр бозгашт. Самак ҳама мешунид. То сиёҳ ба ҷони худ боб омад ва ҳике шароб берун овард ва бихӯрду маст гашт ва бар ҷой бияфтод. Самак аз ҷои хеш барҷаст ва ба болини сиёҳ омад ва каманд аз миён бикушоду дар дасту пои сиёҳ устувор кард ва рӯй ба он сӯрох ниҳод. Аз чапу рост менигарист, нишони Рӯзафзун намедиҳад. Ҳавеҷ ниҳода ва ҳикҳои шароб фаровон. Рӯзафзунро надид. Берун омад ва ғамнок гуфт: «Надонам, ки куҷо равам. Мумкин ки сиёҳ ӯро хӯрда бошад. Дареғо». Боз пеши дарбанд омад ва даст дар қулф зад ва бичунбонид. Гуфт: «Бошад ки рӯшноие падид ояд». Ногоҳ овозе аз андарун омад, ки:
— Эй мардон, ранҷ манмоед. Агар мехоҳӣ, ки аҳволи мо бидонӣ, дар бикшоӣ.
Самак гуфт:
— Калид надорам, чӣ тадбир созам?
Гуфтанд:
— На ту калид доштӣ ва дар мекушодӣ?
Гуфт:
— Акнун надорам.
Дигар овоз омад аз андарун, ки:
— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Самаки айёр.
Ишон гуфтанд:
— Самак дар ҷаҳон кист? Мо ҳаргиз номи Самак нашунидем. Ту аз куҷо омадӣ? Чӣ кор дорӣ?
¹ Хамр — шароб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ