Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Самак гуфт:
— Ман аз шаҳри Чинкам. Ман омам, ки шаҳри Мочину Дувоздаҳдара дар ошӯб доштаам ва бо ишон коре мекунам, ки ҷумлаи мардони олам оҷизи мананд. Аммо ин дарбанд надонам, ки чист. Ва шумо аз баҳри чӣ ин ҷойгоҳ маҳбусед?
Овоз омад, ки:
— Шунидем он чӣ гуфтӣ. Бо ин ҳама ҳунару мардӣ дар ҷавонмардӣ чӣ гунай?
Самак гуфт:
— Ҷавонмардӣ ҳам олам аз ман омӯзанд, ва асли ҷавонмардӣ аз ман таваллуд кардааст.
Овоз омад, ки:
— Чун дар мардӣ устуворӣ, бигӯй, то [аз] аҳволи Шоҳон чӣ [хабар] дорӣ?
Самак чун бишунид, ба ҷой овард, ки душмани Гӯр бо Шоҳон аз барои чист.
[Аз андарун] гуфтанд:
— Ин дар бикушой ва дарой, то ин роз бидонӣ ва бар асрори ин банд воқиф шавӣ.
Самак гуфт:
— Калид надорам ва қуфл натавонам шикастан.
Гуфт:
— Он калид аз сиёҳ талаб кун.
Самак гуфт:
— Пеш аз ин касе дигар омад, ки калид дошт ва дар қуфл афканд ва хост, ки бикушояд, сиёҳ ӯро бибурд?
Овоз омад, ки:
— Оре.
Самаки айёр бозгашту пеши сиёҳ омад ва дар чапу рост нигоҳ мекард ва кас намедид. Дигар бора ба сӯрох рафт. Ба талаби Рӯзафзун омад ва надид. Дилтанг шуд ва ба андеша аз сӯрох берун омад, то ӯро ҳилате ёд омад, ки аз он хона ки гуфтанд, ки «калид аз сиёҳ талаб кун». Ин бигуфт ва сарҳангвор дирз1 дарбаст ва чӯбе дар даст гирифт ва ба болини сиёҳ омаду ӯро бичунбонид, то сиёҳ ӣлӣ кард ва чашм баркушод. Хоболуду сармаст гуфт:
— Ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ ва чӣ захро дорӣ, ки бед ин маком омадай?
Самак гуфт:
— Эй сиёҳ, Гӯр, мегӯянд, ки: «На туро гуфтам бедор бош? Чунин шароб хӯрдӣ, то беҳуш гаштӣ, кас бибиду
1 Дарз — карох.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ