Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
розҳо ошкоро кунад? Акунун бандие, ки гирифтай, ба ман фирист. Маро огоҳ карданд, ки ду-се рӯз аст, то яке-ро гирифтӣ».
Зангии хоболуд пин дошт, ки Ғӯр аз он хабар дорад.
Гуфт:
— Ба чӣ нишон?
Гуфт:
— Бад-он нишон, ки «ман биёмадам ва шамъ дар даст доштам ба дарбанд ва ту биёмадӣ. Ман бо ту гуфтам, ки хушҳёр бош. Гуфтам, ки ҳеҷ кас ба дари хона омад? Гуфтӣ, ки кас наёмаД. Ва аз ман дастурӣ хостӣ, ки им-шаб шароб хӯрам. Гуфтам бихӯр ва як ҳафтаи дигар махӯр. Маълум шуд, ки бандӣ дорӣ. Бо калид ӯро ба ман фирист, ки бо вай коре дорам».
Сиёҳ гуфт:
— Фармонбардорам. Як соат бош то ман биёям.
Самак нигоҳ кард, то сиёҳ чӣ кунад. Сиёҳ бархост ва бар он сӯрох фурӯ шуд. Чун соате буд, Рӯзафзунро берун овард. Самак ба тааҷҷуб бимонд, ки ӯро аз куҷо овард. Пас ӯро пеши Самак овард, гуфт:
— Ӯро пеши паҳлавон бар ва бигӯй, ки аз баҳри он бо ту нагуфтам, ки касе гирифтаам, ки дер гоҳ шуд, то гӯшти одамӣ нахӯрдаам ва низ ту маро нахоҳӣ додан. Ӯро аз барон хештан гирифтаам. Чун хоҷаро маълум шуд, ба хизмат фиристодам, то донад, ки бо хоҷа хиёнат накардам.
Рӯзафзунро ба дасти Самаки айёр дод. Рӯзафзун чун Самаки айёрро дид, хуррам шуд. Пас ресмон дар гардани Рӯзафзун кард ва аз пеши сиёҳ берун овард. Пас Самак гуфт:
— Эй сиёҳ, калид куҷост?
Зангӣ калид ба вай дод. Чун ишон бирафтанд, зангӣ гурз бар гардан ниход, уштулумкунон бар даргоҳ биистод.
Самак Рӯзафзунро порае роҳ биёвард. Ҳавзе буд, Рӯзафзун дасту рӯй бишуст. Пас Самак гуфт:
— Эй хоҳар, на туро гуфтам талабкори ин дарбанд мабош? Сиёҳ туро чӣ гуна гирифт?
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, чун ба талаби Шоҳон рафтӣ, маро ҳаваси ин дарбанд буд. Чун биёмадам, калид дар куфл афканда будам, савте ба гӯши ман омад, ки аз ҳайбати он биларзидам ва зӯр аз дасту пои ман бирафт. Ва ба чора калид бардоштам, ки сиёҳ даромад ва маро аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ