ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар осори бузургони ҷаҳон нақши занону модарони диловару қаҳрамон, ватандўсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад.
Мисол овардани сифатҳои неки фақат қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Таҳмина ва Гурдофарид, ҳамчунин меҳанпарастиву фидокории садҳо нафар шахсиятҳои таърихии миллати бостонии мо далели равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузаштаамон нисбат ба зан – модар мебошад.
Зан-модар дар дини мубини ислом низ мақому манзалати хоса дорад. Дар чандин сураҳои Қуръони маҷид ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан возеҳу равшан ифода ёфтааст. Дар ҳадисҳои набавӣ ва қавли саҳобагон низ қадри волои модар борҳо таъкид гардидааст.
Беҳуда нест, ки дар мамолики Шарқи мусулмонӣ бо шири модар савганд ёд мекунанд.
Зеро модар ғайр аз ин, ки ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накўтарини инсониро дар сиришти ў бо шири поки худ ҷой медиҳад.
Воқеан, тарбияи насли солим ва инсони комил ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва саховату садоқати беинтиҳои модар наметавонад боровар бошад.
Ба ибораи дигар, модарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар, аз ҷумла мардуми мо нақши муассир мегузоранд.
Ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон маҳз ба хотири қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамин нақшу мақоми хосаи онҳо мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё