ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Намояндагии онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимият, мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва судҳо таъмин шудааст. Дар айни замон дар кишварамон зиёда аз панҷоҳ фоизи кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, хизматрасонии иттилоотӣ занон мебошанд.
Имрўз дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, чорабиниҳову маъракаҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангии мамлакатамон занон фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, моҳи гузашта дар интихоботи вакилони халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки маъракаи муҳимтарини сиёсӣ буд, онҳо хеле фаъол буданд. Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи интихобот 11 нафар занон ба парламенти мамлакатамон шомил гардиданд, ки ин 20 фоизи ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагонро ташкил медиҳад. Танҳо тибқи рўйхати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 17 нафар номзадҳои ба Маҷлиси намояндагон вакил интихобшуда 7 нафарашон занон мебошанд, ки ин аз эътимоду боварӣ ва эҳтироми бузург доштани мардуми мо ба зан-модар, инчунин аз болоравии сатҳи маърифат, нисбат ба тақдири давлату миллат бетараф набудани занон шаҳодат медиҳад.
Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва боз ҳам баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, инчунин ҳаллу фасли проблемаҳои демографӣ, танзими расму оинҳои мардумӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси санаду барномаҳои қабулнамудаи худ, аз ҷумла қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» як қатор тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки дар маҷмўъ ба беҳбудии ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии занон мусоидат мекунанд.
Бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кўҳистон дар асоси квотаи президентӣ зиёда аз се ҳазор нафар духтарон ба мактабҳои олӣ дохил шуда, қисме аз онҳо соҳиби таҳсилоти олӣ гаштанд ва имрўз дар ноҳияҳои хеш ба халқи худ хизмат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё