Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамзамон масъалаҳои ба корҳои идоракунии давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ҷалб намудани занон, риояи принсипҳои баробарҳуқуқии занону мардон, пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои занон ҳамеша таҳти таваҷҷўҳ қарор доранд.
Рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватанамон, муҳимтар аз ҳама ба камол расонидани насли дорои дониши мукаммал, аз дастовардҳои илму технологияи муосир бохабар, худогоҳу худшинос, ватанпарвару меҳнатдўст ва бархурдор аз арзишҳои милливу умумибашарӣ аз сатҳи маърифати занону модарон ва ҷавондухтарон вобаста аст. Аз ин рў, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, фазилати фарҳангӣ, маданияти оиладорӣ ва масъулияти занону модарон, инчунин аз ҳисоби духтарон тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос, ба соҳибхоназанҳо омўзонидани касбу ҳунар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ ва созмонҳои ғайридавлатии занон мебошанд.
Дар роҳи ҳаллу фасл, танзим ва ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намудани масъалаҳои ҳаётан муҳими занону модарон дар мамлакатамон Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила ва мақомоти маҳаллии он метавонанд корҳои зиёдеро анҷом диҳанд.
Дар баробари он, Ҳукумат барои фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии занон фазои мусоид ва тамоми заминаҳои ҳуқуқиро муҳайё кардааст. Агар то соли 1995- ум дар ҷумҳурӣ танҳо се ташкилоти ғайриҳукуматии занон вуҷуд дошта бошад, ҳоло шумораашон ба 153 адад расидааст ва онҳо маҳз бо ҳалли проблемаҳои занон ва оила машғул мебошанд.

пешина
аз 127
навбатӣ