Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом – «Биҳишт зери қудуми модарон аст» тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд.
Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кўшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тўли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд.
Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба тарзи арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то ба имрўз сазовори таваҷҷўҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст.
Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандўсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст.
Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки имрўз ифтихори мо – тоҷикон мебошанд.
Гузашта аз ин, занони тоҷик ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши равшану барҷаста бозидаанд.
Махсусан дар асри бистум мавқеи иҷтимоии онҳо хеле боло рафт. Бо вуҷуди ҳама ташвиши рўзгор занон ҳамчун сиёсатмадору олим, омўзгору бунёдкор, офарандаи неъматҳои моддиву қаҳрамони меҳнат, ҳунарманду варзишгари соҳибном дар баробари мардон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.

пешина
аз 127
навбатӣ