Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ДАР МУЛОҚОТ БО
НАМОЯНДАГОНИ
ЗАНОНИ МАМЛАКАТ
(7 марти соли 2006)
Модарон, хоҳарон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини мўҳтарам!

Мулоқоти имрўзаи мо бо шумо – намояндагони занони мамлакат дар оғози фасли ниҳоят зебои сол, яъне баҳори хуррам ва эҳёи табиат, дар остонаи иди байналмилалии занон ва дар арафаи фарорасии соли нави аҷдодиамон – Наврўзи Аҷам, инчунин дар марҳилае доир мегардад, ки тамоми мардуми кишварамон барои таҷлили ҷашнҳои пуршукўҳи 15- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон омодагӣ мебинанд.
Ба муносибати ид шумо – ҳозирини арҷманд ва ҳамаи модарон, занону духтарони иззатманди Тоҷикистонро самимона табрик мегўям ва ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама сулҳу амонӣ, саломативу хушбахтӣ, саодати рўзгор, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Иди 8-уми март, пеш аз ҳама ҷашни модарон аст.
Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ў ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ўст.
Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсўзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.
Худованд дар каломи осмонии худ – Қуръони маҷид ҳурмату эҳтироми занон ва бо онҳо бо некӣ рафтор карданро аз ҷумлаи воҷиботи ҳар як мусулмон фармудааст.

пешина
аз 127
навбатӣ