ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
занони кишвар соли 1997-ум иброз дошта будам:
«Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба занмодар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Бо дарназардошти ин, ки занон дар ҷомеаи мо қувваи бузурганд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳалли проблемаҳои онҳоро самти муҳими фаъолияти худ медонанд.
Мақсади асосии мулоқоти имрўзаи мову шумо баррасии масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти занони мамлакат, мақом ва масъулияти онҳо дар рушду ободии Тоҷикистони азизамон мебошад ва дар доираи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баргузор мегардад.
Сиёсати иҷтимоии давлати мо аз Конститутсия сарчашма гирифта, тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқи онҳоро муайян намудааст.
Дар давоми понздаҳ соли истиқлолият мо барои беҳбудии вазъи иҷтимоии мардуми кишвар, аз ҷумла беҳтар намудани шароити кору зиндагии занон як силсила тадбирҳоро амалӣ гардонидем ва ин равандро дар оянда низ идома хоҳем дод.
Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, ки аксарияти кормандони онҳо занон мебошанд, нисфи буҷети давлатӣ масраф мегардад.
Соли гузашта барои нигоҳдории соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ зиёда аз 573 миллион сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ равона гардида бошад, имсол ҷудо намудани 706 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар асоси Кодекси меҳнат ба занон барои ба кор қабул гардидан, давраи ба дунё омадани фарзанд, нигоҳубини кўдак ва ба рухсатии меҳнатӣ баромадан як қатор имтиёзҳо дода шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё