Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мувофиқи қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» ба заноне, ки дар соҳаҳои алоҳида як давраи муайян кор кардаанд ва инчунин заноне, ки зиёда аз 5 фарзандро тарбия намудаанд, нафақаи имтиёзноки пеш аз мўҳлат муқаррар гардид.
Дар ду соли охир барои таваллуд ва нигоҳубини кўдак ба зиёда аз 83 ҳазор нафар модарон ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ кўмакпулӣ пардохта шуд.
Барои дастгирии молиявии оилаҳои серфарзанд ва камбизоат ҷиҳати ҷуброни маблағи қувваи барқ ва гази истифодашуда дар солҳои 2003–2005-ум аз буҷети давлатӣ 54 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.
Танҳо соли гузашта ба 511 ҳазор оилаҳои камбизоат ва серфарзанд барои маблағи қувваи барқ ва гази истифодашуда зиёда аз 20 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ дода шуд.
Илова бар ин, дар солҳои 2003–2005-ум ба оилаҳои камбизоат ва серфарзанде, ки кўдакони онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ мехонанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 25 миллион сомонӣ ҷудо ва пардохт гардид.
Бо мақсади танзим, ҳаллу фасл ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо ва фаъолияти занон аз соли 1991 инҷониб дар мамлакатамон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Агар дар давоми шаш соли охир барои нигоҳдории он аз буҷети давлатӣ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ сарф гардида бошад, пас танҳо дар соли 2006-ум ҷудо кардани беш аз 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои татбиқи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010 аз буҷет 500 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

пешина
аз 127
навбатӣ