Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн равад, миллат низ дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дўст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.
Фарзанди таълимгирифтаву тарбиятдида пеш аз ҳама падару модари худро эҳтиром мекунад, ба қадри Ватани азиз, забони модарӣ ва фарҳанги миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.
Ҳар як мамлакатро танҳо фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва донишманду соҳибмаърифат обод карда метавонанд. Аз ин лиҳоз, рисолати падару модар ва оила дар рушди миллат ва пешрафти давлат хеле бузург аст.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Зеро бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Аз ин рў, бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо соли гузашта 53 ҳазор нафар ҷавонон бо ҳам ақди никоҳ бастаанд, ки нисбат ба соли 2004-ум 3 ҳазор оила зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, хеле ташвишовар аст, ки баъзе ҷавонон мушкилоти оддии зиндагиро таҳаммул карда натавониста, роҳи аз ҳама осон – ҷудошавиро пеш мегиранд, ки ин комилан ғалат аст. Вайроншавии оила кори номуносиб ва нангин буда, пеш аз ҳама ба тарбияи кўдакон таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷаи сабукандешии навхонадорон соли гузашта 2 ҳазору 900 оила аз ҳам ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2004-ум қариб 300 оила зиёд мебошад. Ин амали номатлуб ба тақдири ояндаи ҷавонон ва фарзандони онҳо таъсири ногувор мерасонад.

пешина
аз 127
навбатӣ