Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Худатон қазоват кунед, агар ин оилаҳо ба ҳисоби миёна 2 фарзандӣ дошта бошанд, аллакай дар кишвар 4 ҳазору 800 нафар кўдак зиндаятим шудааст. Ин кўдакон дар хонаи яке аз волидайн – падар ё модар зиста, тарбияи комил намегиранд.
Ҳатто баъзеи ин кўдакон, умуман аз меҳру навозиш ва дастгирии моддию маънавии волидайн маҳрум гашта, бепарастор мемонанд ва оқибат даст ба ҷиноят ва корҳои ношоиста мезананд.
Бинобар ин, пеш аз хонадоршавӣ ва созмон додани оила ҷавонон бояд ба зиндагии мустақилона омода бошанд. Падару модарон вазъиятро ҳаматарафа омўхта, сипас ба оиладор шудани ҷавонон кўмак расонанд.
Дар ин маврид боз ҳам нақш ва саҳми модар ҳалкунанда аст, зеро тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзе модарон ба духтарони худ маданияти оиладорӣ ва тарзи дурусти рўзгордориро ёд намедиҳанд, яъне онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода намекунанд.
Табиист, ки дар чунин оилаҳои ҷавон муноқишаву низоъҳо сар мезананд ва дар баъзе ҳолатҳо бо пошхўрии оила меанҷоманд.
Дар робита бо масъалаҳои оила мехоҳам як нуктаи дигарро низ таъкид намоям. Мувофиқи маълумоти оморӣ синни миёнаи ҷавонон ва духтарони издивоҷкарда мутобиқан 26 ва 22 сол аст. Вале ҳодисаҳои издивоҷи ноболиғон кам нест. Масалан, солҳои 2004 ва 2005-ум 18 нафар духтарони ноболиғ ба шавҳар дода шудаанд, ки аз рўи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ба шавҳар додани духтари ноболиғ ғайр аз ин, ки ҷиноят аст, ҳамчунин яке аз сабабҳои вайроншавии оила низ мегардад.

пешина
аз 127
навбатӣ