КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Дар натиҷаи фаъолияти инсон – сохтмони роҳ ва кўҳкорӣ муҳити рушд хароб шудааст. Эҳтимол дар Помиру Олой нест шуда бошад, зеро солҳои охир онро касе ҷамъоварӣ накардааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Афзоиш ба воситаи гард, дар шароити сунъӣ ва парвариши онро насанҷидаанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Дар шароити табиӣ омўхта, барои ҳифзи он тадбирҳо андешидан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Абрамова, 1950; Савич-Любитская, Смирнова, 1970; Бардунов, 1974; Бобораҷабов, 2013а, 2013б
.
УСМАНИЯИ ПОЯЧААШ
ДАРОЗИХАМ
Usmania campylopoda Lasar.
Оилаи Grimmiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аҳамияти чандон зиёд надорад.
Дар ботлоқзор, ҷангалзор, кўҳҳо дар якҷоягӣ бо дигар намудҳои ушнашаклон ҷиҳати ҳосил шудани торф, ҳосилхез гаштани хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар оҳакшахҳо ва хоки оҳакдор, ҳамвориҳо, доманакўҳҳо, аксар дар пистазор (дар баландии 350- 650 м аз сатҳи баҳр) мерўяд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ – водии Бешкент, қаторкўҳи Туюнтоғ, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва Буритов месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба авлодҳои Schistidium Loeske, Grimmia Hedw., Coscinodon Hedw, ки дар Ҳолартика фаровонанд, наздикӣ дорад.
Шумора
Кам аст, дар доираи рушдгоҳ аҳён-аҳён дучор меояд.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Чими паст ва мустаҳками рангаш сабз ё сабзи бенур дошта, қисми поёнаш хокистарранг аст.
Танааш (5 – 8 мм) шохронда аст.
Баргаш дарозрўяи забонмонанд, қисми болояш гирд, канораш ҳамвор, интиҳояш мўймонанд.
УШНАШАКЛОН
Bryophyta
Рахи барг амиқ, пеш аз нўги барг тамом мешавад. Ҳуҷайраи лавҳаи барг дар қисми боло хеле хурд буда, кунҷҳои рост дорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ба киштзор табдил додани муҳити рушди ушна боиси камшумории он гаштааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Наомўхтаанд.
Тадбирҳои ҳифз
Муҳити рушди онро муҳофизат кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Лазаренко, 1970; Бобораҷабов, 2013а, 2013б
.
УШНАШАКЛОН
Bryophyta
ДЕСМАТОДОНИ ДАРОЗПОЯ
Desmatodon altipes Broth Оилаи Pottiaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Помиру Олой ва Тиёншон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Аҳамияти чандон зиёд надорад.
Дар ботлоқзор, ҷангалзор, кўҳҳо дар якҷоягӣ бо дигар намуди ушнашаклон барои ҳосил шудани торф, ҳосилхез гаштани хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.
Паҳншавӣ
Дар нишебии қаторкўҳҳои Туркистон, Олой, Помир, инчунин Алотови Терск (Тиёншони Марказӣ) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар хок, шибарзамин, марғзор, арчазорҳои ксериофилӣ ва марғзорҳои кўҳӣ (дар баландии 2800- 4500 м аз сатҳи баҳр) дучор меояд.
Шумора
Фақат дар чанд маҳал мерўяд, миқдораш хеле кам аст ва хавфи барҳам хўрданро дорад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Тўда-тўда месабзад. Баландии танааш
5 мм; қисми поёнаш сурхчаи намадгун буда, баргҳои пўшида ва панҷшохамонанд дорад. Дарозии баргҳояш 3 мм, бараш 0,9 мм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё