Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои рушди лоларо аниқ ва муҳофизат кардан даркор аст.
Чун гули зебо парваридан лозим ва чиндани гулу пиёзакашро манъ бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Флора Тадж.
ССР т. II, 1963.
ҶАВҒОТӢ
Tulipa bifloriformis Vved.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси Тиёншони Ғарбӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир аст.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Шимолӣ (қаторкўҳи Қурма, кўҳсори Муғул) ва Тиёншони Ғарбӣ месабзад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ ва санглохи минтақаи ҷангалзори гармсер, арчазори термофилӣ, бисёр вақт дар буттазору арчазорҳои сирак месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. turkestanica Regel (Помиру Олой, Тиёшон) ва T. turkomanica B.Fedtsch. (кўҳсори Туркманистон) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст, зеро муҳити рушди он маҳдуд гаштааст. Тоқа-тоқа ё тўп-тўп мерўяд. Миқдори умумиаш тақрибан 10-50 ҳазор бех мебошад. Дар кўҳи Муғул кам мондааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пояаш 15-25 см қад мекашад; ду барг дорад. Дар як растанӣ аз 1 то 8 гул мешукуфад. Ҳангоми аз тухм рўидан, соли 4-5-ум гул мекунад.
Як бехи он то 128 дона тухм мебандад. Ҳар сол мерўяд. Моҳи
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae март-апрел гул карда, апрел-май самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Пиёзаки онро чун ғизо истифода мебаранд. Рушдгоҳи ҷавғотӣ низ дар натиҷаи роҳкушоӣ, чаронидани чорво ва бо мақсадҳои дигари хоҷагӣ истифода бурдан маҳдуд шуда истодааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Гули зебост. Дар бисёр боғҳои наботот, аз ҷумла дар Боғи набототи ш. Душанбе аз соли 1953 то 2008 парвариш карда мешуд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Вазъи онро дар табиат ба назорат гирифта, ҷамъоварии пиёзакашро қатъиян манъ кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ШОҲЛОЛА
Tulipa fosteriana Irving Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хоси Помиру Олойи Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар шохаҳои ғарбии қаторкўҳи Зарафшон паҳн гардидааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ўзбекистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои маҳинхок ва камари харсангҳо, дар минтақаи ҷангалзори гармсер (дар баландиҳои 900-1600 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. korolkovii Regel (Ғарби Помиру Олой) ва T. affinis Z.
Botsch. (қаторкўҳи Туркистон ва Малғузор) қаробат дорад.
Шумора
Камшумор буда, тоқа-тоқа месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор, то 35 см қад мекашад. Пиёзакаш (қутраш то 2-5 см) тухмшакл буда, бо ҷилди сиёҳи хокистарранги ғафс пўшида шудааст. Моҳҳои апрел-май гул карда, май-июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чиндани гул, пиёзак ва чаронидани чорво боиси камшумории он мешаванд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (бо столонҳо) меафзояд. Дар шароити мазруъ аз кишварҳои Наздибалтика ва Санкт-Петербург то ҷанубии Осиёи Марказӣ озмуда шудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ мебошад.

пешина
аз 256
навбатӣ