Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Тадбирҳои ҳифз Аз ҳолати муҳити рушди он назорати доимӣ бурда, чиндан ва фурўши онро манъ намудан лозим аст. Парвариш дар шароити сунъӣ Содироти онро Конвенсияи байналхалқӣ ҳифз мекунад.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1935, Красная книга Таджикской ССР,1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ЛОЛАИ ДОҒ
Tulipa greigii Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тиёншони Ғарбӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон аз ду муҳити нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Қурама (кони Такалӣ ва Консой) ёфтаанд. Инчунин дар Ўзбекистон, Қирғизистон (қаторкўҳи Қаратов) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ, хокии серсанг, минтақаи нимсаваннаҳои даштӣ (дар баландиҳои 500-1100 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Бештар ба T. mogoltavica M. Pop.
et Vved., ки дар шимоли Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пиёзакаш тухмшакл, қутраш 2-3,5 см. Пояаш 10-30 см қад мекашад. Аз
4 барг иборат буда, онҳо ба якдигар наздик ҷойгир шудаанд.
Гулбаргҳояш норинҷии сурх ё зард, дохилаш зард, доғи сиёҳ дорад.
Моҳи апрел гул карда, май мева мебандад.
Афзоиш
Аз тухм ва пиёзак зиёд мешавад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Даста-даста чиндани лола ва кўҳкорӣ дар муҳити рушд боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Дар Боғи набототи ш. Душанбе аз соли 1954 ин ҷониб мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишист. Барои тайёр намудани гулдастаҳо ба кор меравад.
Тадбирҳои ҳифз Вазъи лолаи доғро дар табиат омўхта, чиндани онро манъ ва муҳити рушдашро ҳифз намудан лозим аст. Онро ҳамчун гули зебо бештар парвариш бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Рябова, 1965; Тахтаджян, 1975.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЛОЛАИ ШОҲӢ
Tulipa ingens Hoog Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси ғарби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон (қаторкўҳи Зарафшон
– Моглан, Марғузоркўл, Новфинкўл) ва Ўзбекистон (вилояти Қашқадарё) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои гилхок, баъзан сершағали минтақаи ҷангалзори гармсери сирак (дар баландиҳои 1600-1800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. fosteriana Irving (ғарби Помиру Олой) хеле монанд аст.
Шумора
Кам аст. Тўп-тўп ё тоқа-тоқа вомехўрад. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пиёзакаш тухмшакл, қутраш 2-3 см. Пояаш 15-35 см қад мекашад. Аз се барг иборат буда, рангаш кабуд аст.
Гулбаргаш сурх, қисми поёни дохилаш сиёҳ аст. Моҳҳои апрелмай гул карда, май-июн самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чаронидани чорво ва чиндани он боиси тадриҷан барҳам хўрдани муҳити зист қобилияти тухмбандӣ ва маҳдудии рушдгоҳ мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Ҳамчун гули зебо онро аз соли 1952 ин ҷониб дар Боғи набототи ш. Душанбе барои ороиши палча (клумба) ва растаи гулзор мепарваранд.

пешина
аз 256
навбатӣ