КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Барои чиндани гулу пиёзаки лолаи шоҳӣ ҷорӣ намудани рухсатномаи махсус зарур аст. Нашъунамои онро мунтазам мушоҳида карда, тухмашро ҷамъ овардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963; Тахтаджян, 1975.
ЗАНБАҚЛОЛА
Tulipa kaufmanniana Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хоси Тиёншони Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Қурама паҳн гардидааст.
Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Ўзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон (аз қаторкўҳи Талас то Чатқал) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглоху шағалдори кўҳҳо, дар байни буттаю санг, дар минтақаҳои ҷангалзори гармсер ва арчазорҳои гармидўст (дар баландиҳои аз 900 то 2200 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. anadroma Z. Botsch. (Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Шуморааш маҳдуд мебошад. Тоқа-тоқа ва чун гурўҳҳои хурди пароканда месабзад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор буда, то 30 см қад мекашад. Пиёзбехаш (қутраш то 2-5 см) тухмшакл, бо ҷилди хокистарранги сиёҳтоби ғафс пўшидааст. Баргаш (шуморааш 3-то) кабуд.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Чиндани оммавии гулу пиёзакҳо аз тарафи аҳолӣ, чаронидани чорво.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (бо ёрии пиёзбехҳо) меафзояд. Дар Боғи ботаникии ш. Хуҷанд озмуда шудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании ороишӣ буда, дар кори селексионӣ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҳолати маҳаллҳои рушд назорати қатъӣ бурдан, ҷамъоварии пиёзак ва фурўши гулҳоро манъ намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ГУЛИ ЛОЛА
Tulipa korolkovii Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси ғарби Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон (қаторкўҳҳои Қурама, Боботоғ ва кўҳи Муғул), Ўзбекистон ва Қирғизистон (ноҳияҳои ҳамшафати ғарбӣ) вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва сершағали минтақаи набототи ҷорўбаку ғешазор, баъзан дар арчазор (дар баландиҳои 900- 1800 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. nitida Th. Hoog (водии Фарғона) хеле қаробат дорад.
Шумора
Гурўҳ-гурўҳ ба миқдори кам воме хўрад. Баъзан бо намудҳои дигар лолазорро ба вуҷуд меоварад.
Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пиёзакаш тухмшакл, қутраш 1,5-2,5 см. Пояаш 10-20 см қад мекашад. Аз 3 барг иборат аст. Гулбаргаш сурхи равшан, қисми поёни дохилаш каме сиёҳ. Моҳҳои апрел-июн гул карда, май-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Гул ва пиёзаки онро ба миқдори зиёд одамон ва муассисаҳо ҷамъ оварда, боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушд мегарданд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм зиёд мешавад. Дар Боғи набототи ш. Душанбе онро чун гули зебо аз соли 1967 ин ҷониб парвариш мекунанд. Баъди 2 ‒ 3 соли кишт нобуд мегардад. Барои ороиши манзаравӣ тавсия медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё