Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз Кофтани пиёзак ва фурўши гули лоларо манъ, муҳити рушди онро ҳифз кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963.
ЛОЛАХАСАК
Tulipa lanata Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси ҷануби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ (қаторкўҳҳои Ҳисор, Боботоғ, Ғозималик, Байратоғ, Қаратов, Рангон) ва ноҳияҳои ҳамшафати Ўзбекистон (ҳавзаи Сурхондарё) мерўяд. Дар ноҳияҳои гуногуни Помиру Олой навъҳои гуногуни он месабзанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва гилхок, минтақаи нимсаванна, ҷангалзори гармсер ва арчазори термофилӣ (дар баландиҳои 650-2000 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. ingens Th. Hoog (ғарби Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст, зеро муҳити рушди он маҳдуд мебошад. Миқдори умумиаш дар ҳудуди ҷумҳурӣ тақрибан 20-50 ҳазор бех аст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсола. Пиёзакаш тухмшакл, қутраш 2-4 см. Пояаш 40-50 см қад мекашад. Аз 4 барг иборат аст. Гулбаргаш (5- 8 см
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae паҳноӣ дорад) сурх, қисми дохилаш доғи сиёҳ дорад. Моҳи апрел гул карда, май самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири антропогенӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм хуб мерўяд. Бо роҳи нашвӣ (асосан дар давраи наврасӣ) низ зиёд мешавад. Дар Боғи набототи ш. Душанбе аз соли 1947 мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз Муҳити рушди лолахасакро ҷиддӣ ҳифз намудан лозим аст.
Парваришгоҳ барпо намуда, онро барои рўёндани навъҳои нави лола истифода бояд кард.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963; Рябова, 1965.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЛОЛАИ ДАШТӢ
Tulipa lehmanniana Merckl.
Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси ҳамвориҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Растании камшумори ороишӣ мебошад. Дар табиат кам вомехўрад.
Паҳншавӣ
Дар тамоми ҳамвориҳои хушки Тўрон (аз Назди Арал то ҷануби Қайроққум), инчунин доманакўҳҳои хушки Тиёншони Ғарбӣ (камёфт), Помиру Олой, Бодхез ва Кабуддоғ вомехўрад.
Дар Тоҷикистон онро чанд бор аз мавзеъҳои Хуҷанд чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар хоки сершағали биёбонҳои нимсаваннаи доманакўҳ месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба Т. borszczowii Regel (Аралу Каспий, Қизилқум) қаробат дорад.
Шумора
Дар хоки Тўрон нисбатан бисёр аст. Дар Тоҷикистон хеле камёфт шудааст. Тоқа-тоқа вомехўрад.
Миқдори умумиаш дар Тоҷикистон маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор.
Пиёзакаш тухмшакл, қутраш 1,5-
3 см мебошад. Пояаш рост, (5) 10-
25 см қад мекашад. Гулаш тоқа.
Мевааш ғўза. 4 адад барг дорад.
Ҳангоми аз тухм рўидан, соли 4-ум гулаш мешукуфад. Як бехи он то 180 дона тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Маҳали рушди лоларо истифода бурдани бахши кишоварзӣ, чарондани чорво, кофтани пиёзак ва даста-даста чиндани гули он боиси камшуморӣ ва маҳдудии рушдгоҳи он мегардад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ (махсусан дар давраи наврасӣ) зиёд мешавад Дар Боғи набототи ш. Душанбе аз соли 1967 ин ҷониб парвариш мекунанд.

пешина
аз 256
навбатӣ