КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебост. Аҳамияти ороишӣ дорад.
Тадбирҳои ҳифз
Барои ҳифзи он парваришгоҳ барпо намуда, тухмашро ҷамъ овардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963.
ЛОЛАЗАҒИРАК
Tulipa linifolia Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU. Хоси Тоҷи кистон аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Онро танҳо аз қаторкўҳи Дарвоз чиндаанд.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглохи минта қаи ҷангалзори гармсер, бисёр вақт дар настаранзор (дар баландиҳои 1300-1800 м аз сатҳи баҳр) нумў мекунад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. maximowiczii Regel, ки дар ҷануби Помиру Олой маъмул аст, қаробат дорад.
Шумора
Хеле кам ва муҳити рушдаш маҳдуд аст. Миқдори умумиаш дар ҳудуди рушд тақрибан 1000- 1200 бех мебошад.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш тухммонад, қутраш 1-2 см. Пояаш 10-25 см қад мекашад.
Баргаш 5-8-то буда, бо якдигар наздик ҷойгир шудааст. Гулбаргаш (2-4 см) сурх, қисми поёни дохилаш бунафш. Моҳи апрел-июн гул карда, май-июл самар меорад.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ба мақсадҳои хоҷагӣ истифода бурдани муҳити сабзиш ва чаронидани чорво боиси камшумориву маҳдудии рушдгоҳаш мешаванд.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Лолазағиракро дар боғҳои набототи ш. Душанбе (аз соли 1967) ва Кўлоб (аз соли 2008) ин ҷониб мепарваранд. Аз тухм зиёд мешавад.
Соли 4-5-ум мешукуфад. Як бехи он то 180 дона тухм мебандад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар муҳити рушди он парваришгоҳ ташкил кардан даркор аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ЛОЛА
Tulipa maximowiczii Regel Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Хоси ҷануби Помиру Олой аст.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди камёфт ва нодир.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ (Ҳазратишоҳ, Чолтов, Табақчӣ, Қаратов, Сарсарак, Санглох, Ғозималик, Ариқтов) мерўяд.
Муҳити рушд
Дар пистазор, ҷойҳои рангон (дар баландиҳои 350-1500 м аз сатҳи баҳр), одатан, тўп-тўп месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба T. linifolia Regel (Помиру Олой) қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Миқдори умумиаш маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Пиёзакаш тухмшакл, қутраш 1-2 см. Пояаш 15-30 см қад мекашад.
Баргаш 5-8-то буда, то 5-10 мм дароз мешавад. Моҳи апрел-июн гул карда, май-июл самар меорад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Таъсири антропогенӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Гули хеле зебост. Барои рўёндани навъҳои нави лола аҳамияти калон дорад. Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Дар боғҳои набототи ш. Душанбе (аз соли 1966) ва Кўлоб (аз соли 2003) парвариш мекунанд. Барои ороиши манзаравӣ тавсия медиҳанд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Гули зебои ороишӣ мебошад.
Тадбирҳои ҳифз
Нумўи лоларо дар табиат ба зери назорат гирифта, чиндану фурўши онро манъ кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Бочансева, 1962; Введенский, 1963.
ЛОЛАИ ҲУМРО
Tulipa micheliana Hoog Оилаи Liliaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё